Дар Лондон нархи аввалияи лаъли Бадахшонро $300 ҳазор эълом карданд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкАукцион. Архивное фото
Аукцион. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Санги қимматбаҳои лаъл пас аз марги соҳиби он бо нархи 1060 фунт стерлинг харидорӣ шудааст. Дар музояда бошад, нархи сангро 200 ҳазор эълом карда, саҳҳомон аз он фоидаи бештар ба даст оварданианд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Як дона санги лаъли ("Spinel Hope")-и Бадахшонро дар музоядае дар Лондон 200 ҳазор фунт стерлинг (муодили $300 ҳазор) нарх гузоштаанд, менависад сомонаи Bonhams.

"Санги қимматбаҳои лаъл пас аз марги соҳиби он- ашрофи бритонӣ Генри Хоуп бо нархи 1060 фунт стерлинг харидорӣ шудааст, ки бо қиёс бо қурби имрӯза 80 ҳазор фунт стерлингро ташкил медиҳад",- мегӯяд намояндаи Кохи музояда Эмили Барбер.

Ӯ гуфт, чунин сангҳо нодир буда, дар фурӯш аксаран гузошта намешаванд.

"Spinel Hope"-ро дар ғилофи тилову нуқра як санги нодири ҳашткунҷаи лаъл, рангаш гулобӣ ва вазнаш 50,13 қирот  зиннат медиҳад. Шпинел як навъ минерали нодири омехтаи оксиди магний ва алюминий буда, дар забони мардум бо номи лаъл машҳур аст.

Кохи музоядаҳои Bonhams қасд дорад, "Шпинели Ҳоуп"-ро ба қимати аз 150 000 то 200 000 фунт стерлинги Бритониё, муодили 230 000 — 310 000 доллар ба фурӯш бизанад. Ин тақрибан 1500 маротиба гаронтар аз 1060 доллар нархест, ки дар музоядаи қаблӣ дар соли 1917 барои ин ороиш  дода буданд.

Кони қадимаи "Кӯҳи Лаъл" дар соҳили рости дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони ҷумҳурии Тоҷикистон дар канори шарқии рустои Кӯҳилаъл дар байни рустоҳои Андароб ва Сист ҷойгир шудааст.

Сангҳои қиматбаҳои Бадахшон, аз ҷумла лаълу ёқут, аз қадим таваҷҷӯҳи дӯстдорони сангу ҷавоҳироти зеборо ба ин минтақаи кӯҳистон ҷалб мекард.

Лентаи хабарҳо
0