Ҳар рӯз зиёда аз 3 ҷинояти террористӣ: ҳисоби милисаҳои Тоҷикистон

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса соли гузашта 1211 ҷинояти террористӣ ошкор кардаанд, ки ин ба ҳисоби миёна ҳар рӯз зиёда аз 3 ҷиноятро ташкил медиҳад. Соли 2018 теъдоди чунин ҷиноятҳо ба 873 адад баробар будааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар баробари ошкоршавии 1211 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ, 2 амали террористӣ содир шуда, 2 сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ гардид, хабар дода шуд зимни нишасти матбуотӣ бо ҳузури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Кӣ омилони ҳамлаи Данғара ва ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро ба мақомот супурд? Сипоси вазир

Ин ниҳод афзуд, ки аз ҷангҳои хориҷӣ ба Ватан 218 шаҳрванди Тоҷикистон баргардонда шуд.

"Инчунин 161 узви  ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, 218 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд", - таъкид карданд мақомоти умури дохилӣ.

Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд

Ба иттилои  манбаъ, дар маҷмуъ соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 969 ҷиноят содир шудааст, ки ин нишондод дар соли 2018 ба 21 ҳазору 957 адад баробар шудааст.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Ошкоршавии ҷиноятҳо соли гузашта 85,8 дарсад ва соли 2018 - 83,6 фоизро ташкил дод, изҳор дошт ВУД Тоҷикистон.

"Дар соли 2019 ҷиноёти одамкушӣ - 90 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 126, таҷовуз ба номус - 46, роҳзанӣ - 28, одамрабоӣ - 5, ғоратгарӣ - 140, авбошӣ - 1139, қаллобӣ - 2294, дуздӣ - 5328, тамаъҷӯӣ - 32 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод илова намуд, ки аз ҳисоби умумии ҷиноятҳо 11 ҳазору 309 ё ин ки 62 фоиз аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи кушодашавӣ 90 фоизро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0