Кӣ омилони ҳамлаи Данғара ва ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро ба мақомот супурд? Сипоси вазир

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз блогерҳо хост, ки бо мақомот ҳамкорӣ кунанд ва ҳатто изҳори омодагӣ кард, ки онҳоро шахсан бипазирад ва ба кори ғайриштатӣ гирад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ин даъвати Рамазон Раҳимзода дар пайи ин суол садо дод, ки аз ӯ пурсиданд, “чаро блогерҳо ҷиноятҳоро ошкор менамоянд, аммо мақомот ба ҷои қадрдонӣ, худи онҳоро муттаҳам мекунанд?”.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Боз таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Ҳукумат, вазорат ва додситони куллро ҷо ба ҷо кард

Вай гуфт, агар ҳамкории мардум набошад, мақомоти қудратӣ дар амри ҷилавгирӣ аз ҷиноёт ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд.

“Шумо гуфтаниед, ки агар ба мо кӯмак кунанд, ҷавобгарашон мекунем? Ҳамин 85% ҷиноёте, ки бо роҳи оперативӣ ошкор шудаанд, бо кӯмаки мардум ошкор шудаанд. Худи ҷавонон моро кӯмак карда истодаанд. Омилони амалиёти террористие, ки дар Тоҷикистон анҷом шуданд, ёдатон бошад, теракти сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ва он чӣ ки аз тарафи Ҳалим Назаров дар Ваҳдат иттифоқ афтод, мардум худашон дастгир карда, ба мо доданд”, - изҳор дошт Раҳимзода.

Ӯ афзуд,  ҳамаи онҳоро, ки кумак карданд, қадрдонӣ намуданд.

Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Ҷалилов барои фурӯши шиносномаҳои қалбакӣ ба ихроҷшудаҳо аз Русия-видео

“Касе, ки барои ошкор шудани ҷиноят ба мо кӯмак мекунад, мавриди пуштибонӣ ва қадрдонии мо қарор мегирад. Ин вазифаи мо аст”, - гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Дар идомаи сӯҳбат вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳар блогере, ки ба мақомоти қудратӣ мехоҳад кӯмак кунад, шахсан қабул хоҳад кард ва агар хоҳиш дорад, ӯро ба таври ғайриштатӣ ба кор хоҳанд гирифт.

Рамазон Раҳимзода дар идома сари ин нукта ба тафсилот пардохт, ки муваффақиятҳои ҳатто дар сатҳи байнулмилал малмуси мақомоти қудратии Тоҷикистон дар асл саҳми мардуми худи кишвар аст. Вай афзуд, тибқи санадҳои пазируфташуда дар сатҳи байнулмилалӣ ва ҳам дохилӣ тамоми қишрҳои ҷомиа муваззафанд, ки бо ҷинояткорӣ мубориза баранд.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми қатл: Прокурори генералии Тоҷикистон аз фикраш намегардад

"Имрӯз ба як мақомоти корҳои дохилӣ ва ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаю фаромиллӣ муваффақият ба даст намеояд. Имрӯз мо фахр аз он мекунем, ки ба фарқ аз даҳ солу бист соли пеш мардум шабонарӯзӣ бо мо ҳамкорӣ мекунад. Бо телефони боварӣ ё ба роҳҳои дигар ба мо ахбор мефиристанд. Ин ахбори мардум аст, ки мо ҳамарӯза аз вазъият огоҳӣ меёбем ва чораи ҷинояткоронро мебинем”, - таъкид намуд Раҳимзода.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, соли 2019 дар ин кишвар 21 ҳазору 966 ҷиноят содир шуда, 8% дарсади он ошкор шудааст.

Рамазон Раҳимзода бо ишора ба ин натиҷаи кори мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфт, дар паҳнои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар Тоҷикистон ҷиноят аз ҳама кам содир шудаву аз ҳама зиёд ошкор шудааст.

“Ин на фақат хизмати мақомоти давлатӣ, балки пеш аз ҳама хизмати мардуми кишвар аст. Мо бо мардуми худ ифтихор мекунем”, - афзуд вазири корҳои дохилӣ.

Лентаи хабарҳо
0