Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

© акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи ТоҷикистонГенерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон
Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоливу Вазорати маориф ва илм аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар унвон шуданд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод имрӯз, дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2019 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 135 ҷиноят ва дар Вазорати маориф ва илм 122 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мақомдорони Вазоратҳои адлия ва маориф бо ҷурми даст задан ба фасод

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳамчунин ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Кумитаи давлатии заминсозӣ 87, Вазорати меҳнат муҳоҷират 64, Вазорати кишоварзӣ 32, Вазорати нақлиёт 17, Вазорати энергетика ва захираҳои об 11, Кумитаи андоз 19, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 8, Барқи тоҷик 32, Вазорати саноат ва технологияҳои нав 8, Вазорати моли 7, ба қайд гирифта шудааст.

Расулзода аз 7 соли мубориза бо фасод дар Тоҷикистон гуфт

Раҳбари оҷонсӣ афзуд, дар соҳаи бонкӣ 273, субектони хоҷагидори ғайридавлатӣ 359, миёни соҳибкорони инфиродӣ 403, ва дар дигар идораву корхонаҳо 339 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардидааст.

Ҷаноби Султонзода мегӯяд, давоми соли сипаришуда аз ҷониби ниҳоди зертобеаш 2154 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намудаанд, ки 644 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд.

Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 684,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 280 миллион сомонии он барқарор шудааст: “Бештари инро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ташкил медиҳад”.

Лентаи хабарҳо
0