ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳур аз таъиноти кадрии навбатӣ дар Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки президент роҳандозӣ намудааст.
Чунончи, бо Фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло — муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
"Ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат кадрҳои ҷавон таъин гардиданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд", - менависад манбаъ.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.
Боз таъиноти кадрӣ: аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон то Вазорати тандурустӣ
Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият дар бораи аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ирсол гардид.
"Ҳамчунин пешниҳоди Президент дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Тоҷикистон озод намудани Ваҳобов Валӣ Манонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, дар бораи муовинони Прокурори генералии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори шаҳри Душанбе, прокуророни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовинони прокурори вилоятҳои Хатлону Суғд, прокуророни шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бӯстони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Муъминободи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд иваз гардиданд.
Зимни сӯҳбат раисҷумҳур ба кадрҳои таъингардида иброз доштааст, ки вазифаи асосии ҳар як мутахассис дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат кардан аст.
Аз кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ бо қатъият талаб карда шуд, ки нисбат ба қонуншиканӣ дар хариду фурӯши замин, ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ муборизаи дастҷамъона баранд.
Таъиноти кадрӣ дар Суғд: Ҳакимзода сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист шуд
"Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ ва серталаб бошед, назорати якхелаи татбиқи қонунҳои амалкунандаро дар мамлакат таъмин намоед, уҳдадориҳои оинномавии худро дар ҷаҳорчӯбаи қонун амалӣ намуда, намунаи ибрат дар ҷомеа бошед" – таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.