Ҳукми қатл: Прокурори генералии Тоҷикистон аз фикраш намегардад

© Пресс-служба президента РТРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маҳбасҳои Тоҷикистон беш аз 100 нафарро такроран ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ҷазо додаанд, ки ҳамагӣ дар гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, ин нуктаро дар посух суоли “оё Тоҷикистон тавқиф ё мораторий ба ҳукми қатлро бекор хоҳад кард?” баён дошта, афзуд, ин фақат афроде ҳастанд, ки дар зиндонҳо қарор доранд, аммо дар ҳамон ҷо низ даст ба ҷиноят мезананд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
“Комилан махфӣ”: гуруҳи сеюми дахил дар ҳамлаи “Ишқобод”

“Онҳо ислоҳнашавандаанд. Ислоҳнашавандаанд. Мо такроран онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашем, аммо ҳадди аксар фақат метавонем ба мӯҳлати онҳо 2 ё 3 сол изофа кунем. Аммо онҳо боз ҷиноят мекунанд”, - гуфт Прокурори генералӣ.

Юсуф Раҳмон гуфт, бо вуҷуди ҳангомаҳо сари бекор кардани тавқиф ё мораторийи ҳукми қатл ӯ аз мавқеи худаш даст намекашад.

Прокурори генералӣ аз мавқеи худ дақиқ нагуфт, аммо соли 2016 ӯ дар баробари пешниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва шабкаҳои иҷтимоӣ дар бораи бекор кардани тавқифи ҳукми қатл гуфта буд, ки ин ҳукм бояд дар баробари шахсони дастдошта дар ҷиноятҳои вазнину бераҳмона, аз ҷумла террористон, хоинони ватан ва касоне, ки талоши табадуллоти давлатӣ кардаанд, бояд ба таври васеъ истифода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли 2004 дар паёми худ ба Маҷлиси олии кишвараш пешниҳод карда буд, ки ба ҳукми қатл дар кишвар мораторий эълон шавад.

Парлумони Тоҷикистон ин пешниҳодро моҳи июни ҳамон сол пазируфт ва ҳукми қатл дар Тоҷикистон бемӯҳлат тавқиф шуд.

Лентаи хабарҳо
0