Дар Тоҷикистон 45 корхона дар марҳилаи барҳамдиҳӣ ва муфлисшавӣ қарор дорад

© Foto / Свободная экономическая зона "Сугд"В СЭЗ "Сугд" ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъкид доштанд дар баробари таъсиси 219 корхонаву коргоҳои нави саноатӣ дар қаламрави кишвар 149 корхона аз фаъолият бозмондааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Бино бар иттилои масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар соли гузашта 149 корхона аз фаъолият бозмондааст.

Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

Ба гуфтаи масъулини вазорат ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли гузашта нисбатан камтар аст. Барои мисол дар соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон 180 корхонаҳо аз фаъолияти худ боз монда буданд.

“Дар соли сипаришуда 29 корхона бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот ва надоштани агшёи хом, 23 корхона бо сабаби фарсудашавии таҷҳизот, 9 корхона бо сабаби надоштани иҷозатномаи истихроҷи канданиҳои фоиданок  ва 43 корхона бо сабабҳои мавҷудияти қарзҳо аз ҳисоби андозҳо  ва пардохтҳо дар назди буҷети давлатӣ аз фаъолият боз монданд”, - таъкид доштааст вазорати саноат.

Инчунин, бино бар иттилои манбаъ дар соли 2019 дар ҳудуди ҷумҳури 45 корхона дар марҳилаи барҳамдиҳӣ ва муфлисшавӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 2164 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда ба қайд гирифта шудаанд.

Слитки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат: дар Тоҷикистон истеҳсоли нуқраву тилло афзоиш ёфт

Тибқи маълумоти вазорат дар соли гузашта 219 корхонаву коргоҳои нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шудаанд.

Аз шумораи умумии корхонаҳои нав 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба  саноати сабук,  50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Дар соли 2019 барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 903,7 миллион сомонӣ маблағ сармоягузорӣ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0