ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,6% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додаанд.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли тилло дар ин давра 51,4%, нуқра - 32,5%, хокаи руҳ - 7,9% ва хокаи сурма - 30,5% афзудааст.
Инчунин, тавре манбаъ иттилоъ додааст, тиллои ба фурӯш бароварда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва корхонаҳои заргарии кишвар харидорӣ шудааст, ки ин 100 дарсадро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст
Масъулини вазорат қайд намуданд, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кӯҳкориро КМ “Зарафшон”, КМ “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо”, ҶДММ “Пакрут” ва ҶДММ “Мурод” таъмин намуданд.
China Nonferrous Gold ба истихроҷи тилло дар кони Покрӯд оғоз мекунад
Ҳамзмаон манбаъ зикр намудааст, ки барои рушди соҳа ба маблағи 266,6 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шуд.
Тибқи маълумоти Вазорат, ҳамзамон барои рушди соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони “Кумарғи боло”- и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ҶСК “Равшан”- истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳиротӣ дар шаҳри Душанбе ва ҶСП “ТАЛКО Голд” истеҳсоли тилло ва хокаи сурма дар давраи ҳисоботӣ идома дорад.