Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевШкольная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе
Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноти Тоҷикистон маълумот додааст, ки аз соли 2014 то имрӯз афзоиши истеҳсоли либоси мактабӣ дар кишвар назаррас аст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино бар иттилои, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар соли хошини 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм талабот ба либоси мактабӣ 985 ҳазор дона нақшабандӣ карда шудааст.

Школьники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф гуфт, то кай толибилмон дар интихоби либоси мактабӣ озоданд

Манбаъ иттилоъ додааст, ки давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 53 корхонаҳо дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуда.

“Корхонаҳои мазкур,  беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 79 ҳазор дона зиёд мебошад”, - қайд намудааст манбаъ.

Тадқиқот нишон дод: наздик ба 77 дарсади либосворӣ ба Тоҷикистон аз Чин ворид мегардад

Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъкид намудааст, ки дар аксарияти корхонаҳои соҳа ба монанди “Гулистони Душанбе”, “Нассоҷии Тоҷик”, “Ёқут-2000”, “Нассоҷи Хуҷанд”,  “Зинат”, “Ҳусния-Б”, “Ниҳол”, “Даҳбед”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Коргоҳи дӯзандагӣ”, “Алишер АСК”, “Само и  К”, “Кохи Бонувон”  ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ ба пуррагӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода дар Ҳукумат аз таъминот бо шир, либоси мактабӣ ва атлас нигаронӣ кард

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” сикли пурраи коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, дар баробари истеҳсоли ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, инчунин матои омехта истеҳсол мегардад, ки имконияти қисман таъмини корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ теъдоди умумии хонандагон 1,9 млн. нафарро ташкил дода, иқтидори корхонаҳои дӯзандагии кишвар барои пурра таъмини онҳо бо либоси мактабӣ басанда мебошад.

Лентаи хабарҳо
0