ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сафарзода зимни шарҳи иҷозатдиҳӣ барои хусусигардонии амволи “Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.
Мудири кулли "Роғун" масъалаи пардохти уҳдадориҳо дар назди коршариконро масъалаи ҳалталаб ва таъхирнопазир хонд.
Раҳмон: он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба давлати нерӯманду пешрафта табдил меёбад
“Аз ҷумла, уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ то 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ, зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод Сафарзода ва афзуд, маблағҳое, ки аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ ё худ евробондҳо ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуданд.
Ӯ таъкид намуд, ки сохтмони “Роғун” ба маблағгузории муътадил ниёз дорад ва фурӯши бархе амволи онро мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.
Нерӯгоҳи Роғун ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор оварда истодаанд.
Сафарзода ҳадафи иҷозат барои хусусигардониро роҳандозии ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии ватанию хориҷӣ гуфта, аз ин иқдом беҳтар гардидани маблағгузории сохтмони неругоҳро интизор аст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, айни замон сармояи оинномавии ҷамъият 27 миллиарду 760 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин феълан 97,1 фоизи саҳмияҳо ё ба маблағи 26 миллиарду 960 миллиону 260 ҳазору 600 сомонӣ ба давлат ва 2,9 фоизи саҳмияҳо ё ба маблағи 799 миллиону 739 ҳазору 400 сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тааллуқ доранд, хабар додаст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Ҳамрализода.