Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

© Sputnik / Амир ИсаевМахмадсаид Убайдуллоев, архивное фото
Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз масоили мубрами рӯз – дастгирии муҳоҷирон, мубориза бо коронавирус, пули дармондаи мардум дар бонкҳо ва гурези соҳибкорон гуфт

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Чӣ соҳибкорро водор мекунад, ки ба қонуншиканӣ даст занад, чӣ ӯро водор менамояд, ки ҷумҳуриро тарк сохта, фаъолияташро дар дигар кишвар роҳандозӣ намояд, суол гузошт Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ.

Гражданам Таджикистана в Москве напомнили о предстоящих парламентских выборах - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот дар Маскав: ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи интихобот гуфтанд

Убайдуллоев дар мавриди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гуфт, он ба талабот ҷавобгӯ нест ва зикр намуд, ки аксар давлатҳо дар натиҷаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба пешравӣ ноил шудаанд.

Таҳлили Убайдуллоев дар бораи фасодкории мансабдорон: ин ҳузновар аст

“Масъалаи дигар бемориҳои сироятӣ мебошанд. Бубинед, проблемаи бемории коронавируси дар Хитой баамаломада ҳоло ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Назорати ин масъала низ, таваҷҷуҳи доимии мақомотро тақозо менамояд”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Убайдуллоев. Ӯ дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва мақомдорони дигар таъкид намуд, ки ба масоили зикршудаи рӯз таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

Убайдуллоев: соле зиёда аз 3 млрд $ мефиристанд, чаро дастгирӣ накунем?

Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид намудаст, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои рӯз буда, ҳарчанд дар ин бобат кори муайян анҷом дода шавад ҳам, вале ба талабот ҷавобгӯ нест.

Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Каримзода дар бораи мошину бӯстонсароҳои Раҷабзода ва мансабдорони дигар

“Ба ин рақам таваҷҷуҳ намоед: Ҳар сол се миллиард доллар аз он бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба оилаҳояшон ворид мешавад. Пас, чаро мо онҳоро дастгирӣ накунем?”, - суол гузошт Убайдуллоев.

Дар ниҳоят раиси Маҷлиси миллӣ ба мақомдорон хотиррасон кард, ки мардум аз бонкҳо пасандоз гирифта наметавонанд.

“Мақомоти прокуратураро лозим аст, ки дар ин масъалаҳо бетараф набошад, зеро таъмини ҳуқуқу озодии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии инсон, аз ҷумла, тавассути мақомоти прокуратура ва ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад”, - таъкид намуд раиси Маҷлиси миллӣ.

Дар посух ба суолу масъалагузориҳо дар Маҷлиси миллӣ, Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки талош мекунад, волоияти қонунро таъмин кунаду камбудиҳои ҷойдошта дар кори мақомоти додситониро бартараф созад.

Лентаи хабарҳо
0