Пешниҳоди ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани нерӯгоҳи "Роғун"

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми фаъолсозии чархаи дуюми НБО "Роғун"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми фаъолсозии чархаи дуюми НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Ҷавонони Тоҷикистон", нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат матлабе зери унвони “Иншооти президентӣ”-ро нашр кардааст, ки дар он пешниҳод шудааст, нерӯгоҳи "Роғун" ба номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар мақолаи нашркардаи "Ҷавонони Тоҷикистон" таъкид шудааст, ин анъанаи таърихист, ки қасрҳову кушкҳо ва иншооти бузургро баҳри хизматҳои шоёни нафаре ба номи ӯ, ё бунёдгузори он мегузоранд. 

Эмомали Рахмон танцует в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон
Рақси Эмомалӣ Раҳмон таҳти суруди Давлатманд Холов дар Кӯлоб - видео

"Дар мамолики аврупоиву амрикоӣ ва африқоиву осиёӣ ин анъана ба таври бесобиқа то кунун идома дошту дорад. Пас дар мавриди НБО-и “Роғун” низ месазад аз ин таҷрибаву анъанаи таърихӣ кор бигирем", - омадааст дар матлаб.

Дар идома аз муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум дар соли 2010 барои саҳмгузорӣ дар бунёди "Роғун" зикр гардида, пешниҳод шудааст, нерӯгоҳ ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон гузошта шавад.

“Ва ин кор аз ҳар дидгоҳ мантиқӣ хоҳад буд. Зеро то кунун аз ҷониби адибону рӯзноманигорон ва аҳли зиёи мамлакат перомуни ин мавзӯъ нигоштаҳои зиёде ба чашм мехӯрад ва ин мавзӯъ чанд соли охир дар сархати эҷодиёти адибони тоҷик қарор дорад. Дар девораҳову дарвозаҳо ва нақбҳои НБО-и “Роғун” бояд ҳаккокӣ карда шавад, ки ин сохтмони Президентист ва бунёдгузору муассисаш маҳз Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аст”, - таъкид шудааст дар матлаб.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси “Роғун” дар ҳузури президент: Расулзода гуфт, чархаи 1 бояд 2019 фаъол мешуд(ВИДЕО)

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки моҳи равон чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун” фаъол шуд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш хоҳад буд, ки аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил хоҳад дод.

НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт , беш аз 17 миллиард киловатт-соат, калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0