Талаби Рустами Эмомалӣ аз соҳибкорон ба ивази дастгирӣ: ӯ молҳои серхаридорро гуфт

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ ба соҳибкороне, ки корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт месозанд, дастгирии мақомотро ваъда дода, талаб намуд, ки ба иваз соҳибкорон бояд уҳдадориҳои базиммагирифтаро саривақт иҷро кунанд. Ӯ ҳамчунин молҳои серталаб дар пойтахтро ном бурд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо ҷараёни корхонасозӣ дар Минтақаи саноатии пойтахт, ки дар бурриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир мебошад, шинос шуд.

Шаҳрдории Душанбе зикр кард, ки санги асоси корхонаҳои истеҳсолӣ моҳи сентябри соли 2018 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гузошта шуда, дар назар аст, ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гиранд.

25 намуди яхмос: шаҳрдор гуфт, корхона то Наврӯз фаъол шавад

Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ нахуст аз корхонаи "Ҳурия", ки аз ҷониби соҳибкор Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,34 гектар бунёд мегардад, боздид намуд.

Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Суду зиён: 1522 электролизери аз кор баромада ва $22,6 миллион фоидаи “Талко”

Ба шаҳрдори Душанбе гузориш додаанд, ки дастгоҳҳои тавлиди яхмос ба ин корхона аз  Чин  ворид гардида, бо иқтидори истеҳсолии аз 5 то 10 тонна дар як моҳ маҳсулоти нимтайёр ва яхмос аз мевагиҳо ва қаймоқ тавлид мекунад. Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар корхона тавлиди зиёда аз 25 номгӯйи яхмос дар нақша буда, 50 нафар бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мегарданд.

Манбаъ илова намуд, ки Рустами Эмомалӣ, ба ҳолати санитарӣ, сифатнокии истеҳсолот дар корхона, истифодаи маҳсулоти табиӣ дар таркиби он ва дигар тадбирҳои вобаста ба ободонию кабудизорнамоии ҳудуди коргоҳ,  аз ҷумла рангу бори намои зоҳирии он махсус таваҷҷуҳ карда, ба соҳибкор барои то ҷашни Наврӯз ба истифода додани корхона бо иқтидори пуррааш,  супориш додаст.

Дастур ба Шарафов: корхона то ҷашни Истиқлол ифтитоҳ гардад

Сипас шаҳрдори Душанбе бо рафти корҳо дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Ёқуб Шарафов бунёд гардидааст, шинос шуд.

Мужчина смотрит телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Тасвиби созишнома барои тавлиди чангкашаку телевизор дар Душанбе

“Корхонаи истеҳсолӣ дар  масоҳати 0,32 гектар, бо харҷи 6 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки воридот ва насби таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Чин пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик коркарди маҳсулот оғоз мегардад, ки бо ин боз 50 нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар корхона маҳсулоти омода дар 5-6 намуд борҷомабандӣ мешавад. Корхона иқтидори истеҳсоли то 5 тонна маҳсулот дар як моҳро доро буда, маҳсулоти он барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ равона мегардад”, - омадааст дар иттилоия.

Раиси шаҳри Душанбе масъулини корхонаро муваззаф намудаст, ки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, сиффатнокии баланди маҳсулоти истеҳсолиро таъмин намоянд.

Рустами Эмомалӣ молҳои серхаридорро гуфт

Рустами Эмомалӣ ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии коркарди сангҳои ранга ва худҷилои корхонаи “Асрори санг”, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Далер Шарифӣ бо харҷи 5 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,32 гектар замин бунёд мегардад, шинос шудаст.

Россыпное золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истеҳсоли тилло шурӯъ мекунад

Тавре ба раиси шаҳр иттилоъ додаанд, ҶДММ "Асрори санг" таҷрибаи 12 солаи корӣ дар самти коркарди сангро доро буда, бо ширкатҳои Русия, Олмон ва Чин шартномаҳои дарозмуддатро ба имзо расондааст.

“Таҷҳизоти коркарди санг дар корхона аз Чин ва Олмон ворид мегардад. Масуълини корхона иттилоъ додонад, ки оянда дар ин ҷо коргоҳи духти либосҳои варзиширо бо воридоти технология аз Ветнам ба роҳ монда, бо ин барои боз 30 нафар ҷойи корӣ фароҳам меоранд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Корхонаи дигари истеҳсолӣ, ки раиси Душанбе бо ҷараёни сохтмони он шинос шуданд,  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори Олимҷон Маҳкамов дар масоҳати 0,30 гектар бунёд шуда истодааст.

Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо ҷараёни бунёди корхона ба сифати иҷрои корҳо ва маҳсулоти сохтмонӣ мароқ намуда, таъкид карданд, ки бо вусъат бахшидан ба рафти сохтмон, корхона то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Эмомали Рахмон в Центральной мечети в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дидан мехоҳад: Раҳмон сабаби бо худ бурдани Рустамро дар сафарҳо гуфт

Таҷҳизоти технологии корхона аз Русия ва Чин ворид гардида, иқтидори коркарди то 1000 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва консерваро доро мебошад. Корхона нақша дорад, ки баробари таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ, ҳамзамон бархе аз анвоъи консерваро ба кишварҳои ҳамсоя содир намояд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи саноатии Душанбе бунёди корхонаи "Грин Голд”, тавлидкунандаи маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва сохтмони корхонаи "Строй комплекс",  корхона барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ гардидааст.

Ваъдаи дастгирӣ ва талаботи шаҳрдорӣ

Рустами Эмомалӣ бо зикри ободониву созандагӣ дар пойтахт, изҳор доштааст, ки талабот ба маҳсулоти сохтмонию ороишӣ хеле зиёд мебошад. Ӯ афзудааст, ки маҳсулоти ин гуна корхонаҳо метавонад дар бозор зуд мавқеъ пайдо кунад, ки дар навбати худ барои беҳтар гардидани вазъи молиявии худи корхона заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, сарулибосаш хориҷист: супориш барои ислоҳи вазъ

Ба иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ аснои суҳбат бо соҳибкорон ташаббус ва саҳми онҳоро бобати бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ қобили дастгирӣ хонда, ваъда додааст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои зарурӣ бобати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ андешида мешавад. Ӯ афзудааст, ки дар навбати худ соҳибкоронро лозим аст, ки корро дар асоси вазифаву уҳдадориҳои базиммагирифтаашон ба роҳ монда, иншооти истеҳсолиро дар муҳлатҳои пешбинигардида ба истифода супоранд ва бо ин дар таъсиси ҷойҳои бештари корӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат саҳми муносиб гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0