Тасвиби созишнома барои тавлиди чангкашаку телевизор дар Душанбе

CC0 / Pixabay / Мужчина смотрит телевизор
Мужчина смотрит телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумат, ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва “Artel Engineeringand Management”-и Узбакистон дар мавриди бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” дар шаҳри Душанберо тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Корхонаи муштараки “Артел Авесто Электроникс” бо ҳиссаи 50 фоизии ду ҷониб дорои хатти истеҳсолии 43 номгӯи таҷҳизот хоҳад буд, хабар додаст котиботи парлумони Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, раванди истеҳсолот дар ду марҳила интихоб гардид.

Счетчики электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пули барқ тариқи биллинг: нозирон ихтисору ҷамъоварӣ бештар мешавад

“Дар марҳилаи якум истеҳсоли чангкашак ва обгармкунак, дар марҳилаи дуюм истеҳсоли телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад. Дар баробари ин, тасмим гирифта шудааст, ки дар марҳилаҳои минбаъда маҳсулоти корхонаи муштарак содирот карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Парлумон афзудааст, ки имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои 5 сол ба ин корхонаи муштарак ироа шудааст.

Тавзеҳ дода шудааст, ки бо назардошти тавлиди 4 намуди мол дар ду марҳила - чангкашак, обгармкунак, телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ, пардохтҳои дигар ба буҷа таъмин хоҳанд шуд.

Созишнома дар бораи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” дар шаҳри Душанбе бо сармоягузории умумии 10 миллион доллар аз ҷониби Ҳукумат ҳанӯз моҳи ноябр тасвиб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0