“90 доллар аз ману 10 аз ту”: боздошти ду сокини Хуҷанд барои фурӯши долларҳои қалбакӣ

© Sputnik / Антон ДенисовДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Акбар Шарифӣ, гумонбаршудаҳо қаблан 300 доллари қалбакиро иваз намуда, ҳангоми кушиши навбатӣ дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки барои ба муомилот баровардани 2500 доллари қалбакӣ муттаҳам мешванд

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазоратикорҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Ғафурҷон Солиев ва Искандар Сулаймонов, сокинони шаҳри Хуҷанд замони ба фурӯш баровардани долларҳои қалбакӣ дастгир шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки 2500 доллари қалбакӣ ба нафари сеюм Иномҷон Солиев тааллуқ дошта, барои ба фурӯш гузоштан, онҳоро ҷалб намудааст.

Купюры евро, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд шаҳрванди Русияро бо eвроҳои қалбакӣ дастгир намуданд

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, Иномҷон Солиев барои ба муомилот баровардани долларҳои қалбакиаш ба Солиев Ғафурҷон, ки хешаш гуфта мешавад муроҷиат намудааст  ва дар навбати худ ин хешиаш, рафиқаш Искандар Сулаймоновро ба ин кор ҳамроҳ кардааст.

Гуфта мешавад, аз ҳисоби фурӯши ҳар 100 доллари қалбакӣ, Иномҷон барои онҳо 10 долларӣ ваъда кардааст.

"Ба ман Солиев Ғафурҷон занг зад ва хост ба наздаш равам. Ӯ маро бо  Солиев Иномҷон, ки писари амакаш будаст 

Шуъбаи бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифшои рублҳои қалбакӣ дар бозори нақди Тоҷикистон

шинос кард. Иномҷон гуфт, ки ман доллари қалбакӣ дорам, онҳоро арзон гузарону аз ин ҳисоб 90 долларашро ба ман деҳ ва 10 долларашро худат гир. Ману Ғафурҷон онҳоро ба муомилот баровардем ва милисаҳо моро дастгир карданд", гуфтааст Искандар Сулаймонов.

Ба иттилоъи Шарифӣ, гумонбаршудаҳо як дафъа 300 доллари қалбакиро иваз намуда, ҳангоми кушиши навбатӣ дастгир шудаанд.

Ба таъкиди Акбар Шарифӣ, аз рӯйи ин ҳодиса нисбати Ғафурҷон Солиев ва Искандар Сулаймонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0