Ифшои рублҳои қалбакӣ дар бозори нақди Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкШуъбаи бонк. Акс аз бойгонӣ
Шуъбаи бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду нафар аз сокинони Суғд мехостанд 105 ҳазор рубли русии қалбакиро дар бозори нақди Тоҷикистон ворид кунанд, вале аз ҷониби пулис боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз ифшои ҳолатҳои вуруди асъори қалбакии хориҷӣ ба бозори нақди кишвар иттилоъ доданд, навиштааст оҷонсии "Озодагон".

10 март ба мақомоти пулис дар Хуҷанд сарроф Мақсудов Ҷамшеди 37-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 8-уми март шахсони номаълум ба нуқтаи асъори шахсиаш, воқеъ дар бинои маркази савдои "Эҳсон" 5 ҳазор рубли русии қалбакӣ оварда, бар иваз 500 сомонӣ гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, иттилоъ додаанд аз Раёсати умури дохилии Суғд ба оҷонсӣ.

"Сипас, санаи 9-уми март ин афрод дубора ба ҳамин нуқта омада, хостаанд, боз 10 ҳазор рубли қалбакии дигарро иваз кунанд. Аммо таҳдиди ошкор шуданашонро эҳсос карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", — хабар додааст мақомот.

Дар натиҷаи ҷустуҷўҳои пулис, ба иттиҳоми ҷинояти мазкур шаҳрвандон — Насиба Раҳимқулова, соли таваллуд 1983 ва Бўстон Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир шудаанд.

"Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз ҷайби Насиба Раҳимқулова маблағи пулии 90 ҳазор рубли русии қалбакӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шудааст", — бо такя ба мақомот менависад оҷонсӣ.

Бино бар маълумотномаи Шўъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати умури дохилии Суғд дар маҷмуъ 105 ҳазор рубли русӣ бо купюраҳои 5 ҳазорӣ, ки аз муттаҳамон мусодира шудааст, қалбакӣ мебошанд.

Феълан аз рўйи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мақомот қаблан низ аз ифшои ҳолатҳои вуруди асъори қалбакӣ ба бозори нақд иттилоъ дода буданд.

Лентаи хабарҳо
0