ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вируси тоҷдор ё коронавирус, ки охирҳои моҳи декабр дар Чин пайдо ва зуд паҳн шуд, тамоми кишварҳоро бесаранҷом кардааст. Хусусан, кишварҳое, ки бо Чин ҳамсарҳаданд, назоратро шадид мекунанд, ва марзҳоро мебанданд.
Аз ҷумла мақомоти Тоҷикистон низ хабар доданд, ки гузаргоҳи Тоҷикистону Чин - "Кулма"-ро бастаанд ва сафари шаҳрвандонро ба Чин маҳдуд мекунанд. Афзун бар ин, воридоти ҳама гуна хӯрокворӣ аз Чин ба Тоҷикистон қатъ шудааст.
Ҳамчунин бино бар дастури вазорат, ҳар нафаре, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад, 14 рӯз бояд дар зери назорати табибон қарор гиранд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз донишҷӯёне, ки аз Чин баргаштаанду дар беморхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд, аз шароити нигоҳдошташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кардаанд.
Чунончӣ, Мадина ном зане аз шароити нигоҳдошти беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе шикоят бурдааст.
Ба гуфтаи ӯ, Мадина бо шавҳар ва кӯдаки яксолааш ба наздикӣ аз Чин баргаштаанд. Онҳоро баъди ташхиси пешакӣ дар фурудгоҳ ба беморхона бурдаанд.
"Ташхиси пешакӣ маълум кард, ки ҳамааш хуб аст. Аз мо хоҳиш карданд, то ҷомадонамонро гирифта, ба бемористон равем, онҷо муоина мекунанду зуд ба хона ҷавоб медиҳанд. Ҳамаамонро ба як автобус ҷой карда, ба беморхона бурданд. Онҳо фикр ҳам накарданд, ки ҳамаи мо аз Чин баргаштаем ва моро якҷо нигоҳ доштан мумкин нест", - менависад вай.
Вақте ба беморхона расидем, эълон карданд, ки касеро ҷавоб намедиҳанд ва мо 14 рӯз дар беморхона мемонем. Онҳо афзуданд, ки агар муқовимат нишон диҳем, дар назди дарвозаи беморхона кормандони ВКД истодаанд ва моро ба зӯри бармегардонанд, афзудааст зан.
"Вақте ба палата ворид шудем, бештар шокӣ гаштем, палатаҳо дар ҳолати мудҳиш қарор доранд, умуман шароит нест, хусусан барои кӯдаки хурдсол шароите надорад. Агар шаҳрвандонро бидуни розигии онҳо нигоҳ медоранд, пас ақалан бигзор шароит фароҳам оваранд. Барои кӯдак чойники электрикӣ пурсидем, аммо ба мо гуфтанд, ки обро аз ошхона гиред",- омадааст дар навиштаи Мадина.
Зан мегӯяд, ки ҳарчанд бо хӯрок 3 маҳал таъмин мешаванд, зарфҳо умумианд ва ба назари вай, истифода аз он хавфнок аст. Ӯ изҳори нигаронӣ мекунад, ки кӯдакаш хурдсол асту дар беморхонаи сироятӣ ба дигар касалҳо ҳам мубтало шуданашон мумкин аст.
"Мо бештар барои кӯдакамон ғам мехӯрем. Инҷо мисли мо аз Чин баргаштаҳо зиёданд. Ҳамшираҳо ба назди ҳар яки онҳо медароянд. Афзун бар ин, либоси махсуси маҳофизатӣ надоранд. Шароит дар Чин беҳтар буд", - менависад вай.
Сафорати Тоҷикистон дар Чин: дар маркази пайдоиши коронавирус 48 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳаст
Бархе аз корбарон ба гуфтаҳои Манижа изҳори розигӣ карда, бархе дигар гуфтаанд, ки "кори мақомот дуруст аст".
"Шумо мехоҳед, ҳар нафареро, ки аз Чин бармегардад, дар хонаҳои алоҳида нигоҳ доранд? Дар ҷое чунин нест. Онҳо ҳама якҷо дар як ҳаопаймо омадаанд. Шумо фикр мекунед, ки дар кившарҳои дигар шароит беҳтар аст. Асосаш ҳоло эмин мондан аз вирус аст", - навистааст як нафар.
"Бино бар баъзе иттилоотҳо, бархе нафаронеро ки шинос доштаанд, ҷавоб додаанд. Муаллиф аз шароити нигоҳдошт шикоят мекунад, ки ҳақ аст ", - менависад нафари дигар.
"Кормандони беморхона бояд бо либоси махсус бошанд, зеро онҳо пас аз кор метавонанд бо нақлиёти ҷамъиятӣ савор шаванд ва атрофиёнро мубтало кунанд. Ҳамагонро дар як бино ҷамъ овардан кам аст, бояд барои ин шароит фароҳам бошад", - менависад нафари дигаре.
Ёдрас мешавем, чанде пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 301 нафаре, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.
Дар ин бора, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд.
"Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд шуд ва дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.
Камолзода: коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаст
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди сироят будани бистаришудагон бо коронавирусро бепоя хонда мегӯяд, шахсони аз Чин ба Тоҷикистон воридшуда, танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар кишвар дар беморхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.