Донишҷӯи тоҷик аз даҳшати коронавирус дар Чин гуфт: "шаб намебароем, рӯз танҳо бо таксӣ "

© AP / HECTOR RETAMALПассажиры следуют на поезд в Шанхае
Пассажиры следуют на поезд в Шанхае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ухан, ки феълан дар ҳалқаи маризии сироятии коронавирус қарор дорад баста аст. Вуруд ва хуруҷ аз ин шаҳр комилан манъ буда, нақлиёти ҷамъиятӣ ва аксар корхонаҳо фаъолият намекунанд

ДУШАНБЕ, 25 янв - Sputnik. Дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар Ухан гаштугузори сокинони шаҳр шабонгоҳ манъ гардида, рӯзона танҳо савори таксӣ аз пайи кор мешаванд.

Коронавирус боиси иваз шудани макони баргузории мусобиқаи бокс шуд

Вазъи феълии шаҳри Уханро донишҷӯи тоҷик Адам, ки он ҷо таҳсил мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Дари аксар мағозаҳо баста аст, барои хариди хӯрокворӣ бояд таксӣ киро кунем. Нархи маводи озӯқаворӣ низ ба маротиб гарон шудаст. Мо қариб, ки аз  хона берун намешавем, саломатӣ бароямон зарур аст, - афзудаст Адам.

Ба гуфтаи ӯ феълан дари донишгоҳҳо низ баста аст.

Замминистра здравоохранения Таджикистана Мирхамуддин Камолзода - Sputnik Тоҷикистон
Камолзода: коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаст

"Гуфтанд аз 3 - юми феврал дарсҳо дар донишгоҳ сар мешавад, лек эҳтимол таътили моро дарозтар кунанд", - гуфт ӯ .

Ёдовар мешавем, ки бурузи маризии сироятии коронавирус ё "вируси тоҷдор" дар шаҳри Ухани Чин пойтахти Ҳубей авохири моҳи декабри соли гузашта сабт гардида буд.

18 нафар: "вируси тоҷдор" – ро дар Тоҷикистон хона ба хона хоҳанд ҷуст

Теъдоди гирифторон ба ин маризӣ ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст.

Ҳоло бар асари маризии коронавирус дасти кам 26 нафар ба ҳалокат расида, 177 нафар дар ҳолати вазнин дар бемористонҳо қарор доранд. Ҳамзамон, 800 нафари дигар аз ин маризӣ тоза сироят ёфтанд.

Мақомоти Тайланд, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Вейтнам ва Амрико аз хуруҷи маризии коронавирус бонги изтироб заданд.

Лентаи хабарҳо
0