Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд. Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.
Як бемори дигарро дар Австралия бо шубҳаи вируси тоҷдор бистарӣ карданд. Дар Русия ва Белорус низ чанд нафарро ба вируси тоҷдор шабҳа карданд, аммо тасдиқ нашуд.
Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.
Шаҳрҳои калони Чин таҳти назорати шадид қарор доранд.
То ҳол пизишкон роҳҳои пешгирӣ ва ваксинаеро аз короновирус наёфтаанд. Нишонаҳои бемориро таби баланд, сулфа ва нафасгирии мушкил гуфтаанд.