Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон то 18 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона   14-19 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сюрпризҳои табиат: ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва   рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағийрёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-67 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 2 дараҷа хунук  то 3  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0