Сюрпризҳои табиат: ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад

© SputnikСнег в парках и скверах Душанбе
Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бархе аз навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сардии ҳаво то 49 дараҷа мерасад, дар Душанбе барф мебораду меғ мефарояд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аввали ҳафта, ҳавои абрӣ пешгӯӣ мешавад, дар ноҳияҳои алоҳида барф мебораду меғ мефарояд, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.

Дар Душанбе ҳаво абрнок мешавад, меғ мефарояд. Боридани борону барф аз эҳтимол дур нест.

Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона ҳарорати ҳаво то 3 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 5 то 7 дараҷа гарм мешавад.

Цветы в снегу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳавои вилояти Суғд монанди Душанбе мешавад. Барф мебораду меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона аз -4 то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво сардтар мешавад: шабона то 13 дараҷа сард ва рӯзона то -5.

Яхбандӣ, туман ва барф: обуҳавошиносони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд

Дар ноҳияҳои алоҳидаи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 18 дараҷа сард ва рӯзона то -5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шарқи ҳамин вилоят ҳарорати ҳаво сардтар, аз -29 то -34 дараҷа, дар Булункӯл шабона -47-49 дараҷа сард ва рӯзона аз 16 то 21 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ ва боридани барфи тар пешбинӣ мешавад. Бод то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -2+3 ва рӯзона 3-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар НТМ низ ҳавои барфӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона -4+1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0