Вазорати иқтисод сармоягузори аслии корхонаи полоишгоҳи нафти Данғараро гуфт

© Фото : сайт компании "Укртранснафта"Объект компании "Укртранснафта". Архивное фото
Объект компании Укртранснафта. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати марбут ба Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd-и Чин дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон сохтмони полоишгоҳи бузурги нафтро ба анҷом расондааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тоҷиддин Ҷуразода, муовини аввали вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, полоишгоҳи бузурги нафт, ки аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин  "ТК-Ойл" дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара сохта шудааст, барои оғози фаъолият омода аст. 

Нефтеперерабатывающий завод (НПЗ). Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод: полоишгоҳи нафт дар Данғара соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

Молики "ТК-ойл", ки полоишгоҳи нафтро дар Данғара бунёд кард ширкати Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd – як зерширкати CNPC – и Чин мебошад.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири иқтисоди Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир тамоми корҳои сохтмони дар ин иншоот ба анҷом расидааст ва барои корҳои озмоишӣ аз хориҷи кишвар беш аз 1350 тонна нафт ворид намудааст.

Ҳамчунин вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир роҳбарияти ин корхонаи барои харидории нафт аз кишварҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла роҳбарияти ин корхона бо Қазоқистон ва Русия бораи харидории нафт гутушунид доранд.  

Ҳамзамон Ҷуразода қайд кард, ки сармоягузор барои бунёди марҳилаи нахустини ин корхона 90 миллион доллар масраф кардааст.

Бо ифтитоҳи марҳилаи нахустин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, заминаи коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд. Бо такмили ин тарҳ Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин корхона истихроҷ кунад.

Дар ҶТ корхонаи бузурги полоиши нафт бо ҳазинаи $460 миллион месозанд

Қарор буд полоишгоҳи нафт дар Данғара тирамоҳи соли 2016 ба кор оғоз кунад, вале чанд сол инҷониб ба таъхир меафтад.

Тоҷикистон бахши зиёди маводи нафтиро аз Русия ворид мекунад. Ин кишвар мувофиқи як қарордод то як миллион тонна маводи нафтиро бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон мефурӯшад.

Мувофиқи омори расмӣ Тоҷикистон соли 2018 бо харҷи 310,8 миллион доллар аз хориҷа 446 ҳазор тонна маводи нафтӣ ворид кардааст. Пуле, ки дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон гардиш мехӯрад, ба фарқ аз соҳаҳои дигари иқтисоди кишвар хеле бузург аст. Бозоре, ки дар сурати ба кор даромадани полоишгоҳи нафти Данғара ба эҳтимоли зиёд зери дасти чиниҳо хоҳад рафт.

Лентаи хабарҳо
0