ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Сохтмони марҳилаи аввали корхонаи полоиши нафт дар Тоҷикистон соли 2016 дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" анҷом мешавад, омадааст дар баёнияи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.
Ширкати чинии "Хели" барои эҳдоси корхонаи полоиши нафт дар ҷануби Тоҷикистон $460 миллион сармоягузорӣ карда дар садад аст то оғози соли ҷадиди мелодӣ умури сохтмониро анҷом бидиҳад.
"Тибқи тарҳ умури сохтмонӣ дар ду марҳила сурат мегиранд. Интизор меравад марҳилаи аввал бо зарфияти полоиши ҳудуди 500 ҳазор тонна нафт дар соли оянда анҷом шавад. Марҳилаи дуввум бо бо зарфияти мушобеҳ соли 2018 анҷом ёбад", — зикр мекунанд дар ниҳод.
Нафт барои полоиш аз Русия, Қазоқистон ва Афғонистон ворид мешавад. Маводди таҳияшуда дар дохили кишвар ва берун аз он ба фурӯш гузошта мешавад.
Дар Тоҷикистон то ҳол корхонаи полоиши нафт вуҷуд надошт ва кишвар аз воридоти маводди нафтӣ вобаста буд. Коршиносони соҳа муътақиданд, ки полоиши нафт дар дохили кишвар ба мизони арзиши он дар бозори дохилии Тоҷикистон таъсири мусбате хоҳад гузошт.