ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ин Кумита яке аз дастандаркорони тағйироти ахир ба Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” буд, ки заминаи хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко” – ро фароҳам карда, аммо мӯҷиби баҳсҳои шадид дар ҷомиа шудааст.
Ин ду иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон қаблан моликияти истисноии давлат шинохта шуда, тибқи Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ кардани онҳо манъ шуда буд. Ҳоло интиқодҳо аз он аст, ки чӣ тавр мешавад, моликияти миллиро хусусӣ кард, бахусус ки ризоияти мардум ба даст наомадааст.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйироти мазкур дар кумитаҳои зидахл мавриди баҳсу баррасиҳои хеле шадид қарор гирифта, моҳияти моликияти миллӣ ё истисноии давлат будани он ҳифз шудааст.
“Ҳадаф ин ҷо дигар аст. Сухан дар бораи бархе объектҳои дуюмдараҷае меравад, ки ин ду иншоот дар тавозуни худ доранд, аммо дигар зарурат ба онҳо нест, балки барои онҳо зиёновар аст ва садди роҳи рушди онҳо мешавад. Моҳият боқӣ мемонад. Ягон тағйир намешавад. Худи объектҳо хусусӣ нахоҳанд шуд. Фақат бархе сохтмону биноҳое ҳастанд, ки барои давлат зарароваранд, ҳамонҳо аз тавозуни объектҳо бароварда мешаванд”, - гуфт Раҳимзода.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 15 январи соли равон дар ҷаласаи навбатии худ бар асоси пешниҳоди ҳукумати кишвар ба Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” тағйир ворид кард. Лоиҳаи ин тағйирот бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 вориди Маҷлиси намояндагон шудааст.
Бино ба он, аз моддаи 9-и Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” истилоҳоти “неругоҳи барқи обии “Роғун” ва “Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ҳазф шуданд.
Моддаи 9-и қонуни мазкур иншоотеро дарбар мегирад, ки хусусӣ карда намешаванд.
Манъи хусусӣ кардани “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” низ соли 2009 бо пешниҳоди ҳукумат ва таъйиди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон анҷом ёфта буд.
Инак, бо гузашти 11 сол “Роғун” ва “Ширкати алюминийи тоҷик” аз ин феҳрист хориҷ шуданд ва заминаи хусусӣ шудани амволи онҳо фароҳам шуд. Чаро ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расид, ки амволи ин ду иншооти стратегӣ ва ҳам моликияти истисноии давлат хусусӣ шаванд?
Орзу Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба хотири тавзеҳи лоиҳа ҳузур ёфта буд, гуфтааст, ки ҳадаф баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва танзими саҳмияҳои НБО “Роғун” аст.
Ба қавли ӯ, “Талко” ва як қатор корхонаҳои ғайриистеҳсолии он низ ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100 фоиз саҳми давлат табдил дода ва соли 2010 ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмияҳои “Роғун” ба шаҳрвандони кишвар фурӯхта шуданд.
Мавсуф аз ироаи тавзеҳот ба рӯзноманигороне, ки ҷаласа парлумониро пайгирӣ мекарданд, худдорӣ кард ва мавзӯъ аз ин роҳ норӯшан монд.
Коршиносе, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тағйироти ахир эҳтимолан ба сармоягузории 545 – доллараи Чин ва дигар ширкатҳои ҷаҳонӣ дар тарҳи навсозии “Талко” рабт дорад ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон дар сармоягузории “Роғун” ба мушкили молӣ дучор омадааст.
“Чиниҳо, таври маълум, бидуни замонати воқеӣ сармоягузорӣ намекунанд, масалан, пул, ки доданд, ҳатман ягон кон ё саҳм тақозо мекунанд. Кам касе ба ин таваҷҷӯҳ кард, ки моҳи ноябри гузашта “Талко” ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил шуд. Ин ба он маъност, ки ин ширкат акнун метавонад саҳмияҳояшро фурӯшад. Аз сӯи дигар, буҷети Тоҷикистон соли гузашта хеле ба сахтӣ иҷро шуд ва ин ба он маъност, ки “Роғун” – ро танҳо аз ҳисоби буҷет намешавад сармоягузорӣ кард”, - афзуд ӯ.
Шариф Раҳимзода мегӯяд, дар гузашта низ ҳар ширкат ё шахси алоҳида, ки мехостанд дар “Талко” ё “Роғун” сармоягузорӣ кунад, дасти боз доштанд ва бо мувофиқа ва ризоияти дуҷониба метавонистанд вориди амал шаванд: “Тағйирот дар қонун зарурӣ буданд, чун бидуни онҳо намешавад, ки объектҳои дуюмдараҷаро хусусӣ кард. Қонун ҳамаи объектҳоро, ки ба онҳо марбут буданд, дарбар мегирифт. Қаблан ҳам сармоягузорӣ буд. Сармоягузорӣ чӣ аст? Хариди саҳмияҳо дар ҷамъияти саҳҳомӣ. Ҳар кӣ харидор шуду пешниҳод кунад ва шартҳояш дуруст гирад, бидуни мушкил метавонад соҳиби саҳмия шавад”, - гуфт раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Як манбаъ дар “Ширкати алюминиуми тоҷик”, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфтааст, низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйироти ахир дар қонунгузорӣ ба моҳияти моликияти миллӣ ё давлатӣ будани ин ширкат таъсире нахоҳанд дошт.
“Ҷамъияти саҳҳомӣ ин худ як шакли хусусигардонӣ аст, аммо агар дар бораи ширкати мо бигӯем, 100 дарсади саҳмияҳо дар дасти давлат боқӣ мемонанд”.
Дар гузашта раҳбарияти “Талко” эълон дошта буд, ки зерширкатҳои ин ширкат дар ҳамдастӣ ва сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ бунёд шуда, ҳоло фаъолият доранд, аммо қисмати умдаи саҳмияҳо дар дасти худи “Талко” – аст.