“Талко” куҳна шуд: Раҳмон қарораш дар бораи корхонаи алюминийро шарҳ дод

© Официальный сайт ТАЛКОТаджикский алюминиевый завод, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ ба калонтарин корхонаи саноатии кишвар “Ширкати алюминийи Тоҷик” суҳбат карда, гуфт дар оянда иқтидораш то 1 миллион тонна расонда мешавад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо масъулини бахши саноати кишвар гуфт, Ҳукумат талош дорад, бо дарназардошти фарсудашавӣ ва куҳна шудани таҷҳизоти як қатор корхонаҳо,  алалхусус, корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, ки 44 сол пеш бунёд гардида буд, ба онҳо сармояи ватаниву хориҷиро ҷалб намояд.

Заседание правительства Таджикистана 29 декабря 2014 года. Фото: пресс-служба президента РТ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ҳукумат: КВД “Талко” барҳам мехӯраду ҷамъияти нав ташкил мегардад

Раисиҷумҳур зикр кард, ки бо ин мақсад қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 қабул шуд, ки тибқи он Корхонаи воҳиди давлатӣ ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи Тоҷик” табдил дода мешавад.

“Дар назар аст, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар дурнамои наздик корхонаи истеҳсоли алюминийи аввалия бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол ба истифода дода мешавад ва корхонаи нав бо низоми автоматикунонидашудаи идораи равандҳои технологӣ ва технологияҳои каммасраф муҷаҳҳаз гардонида шуда, арзиши аслии алюминий дар он паст мегардад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Тавсифи ХБА аз болобарии нархи барқ ва тавсияҳои нав

Ӯ илова кард, ки баъди бунёди корхонаи нав корхонаи амалкунанда пурра таҷдид карда шуда, иқтидори умумии истеҳсолии ширкат дар оянда то як миллион тонна алюминий дар як сол расонида мешавад. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, дар натиҷа ҳазорҳо ҷойи кории нав таъсис ва иқтидори содиротии кишвар афзун мегардад.

Супориш Раҳмон ба Ҳукумат дар мавриди ноқилҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар идома зикр кард, ки ҳарчанд корхонаи истеҳсоли ноқилҳо аз алюминий дар мамлакат фаъолият менамояд, аммо ҳамасола ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 350-400 миллион сомонӣ ноқилҳо ва маҳсулоти ниёзи мардум аз ин фулузот ворид карда мешаванд.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноии Мираков, мансабдори “Барқи тоҷик”: 96% пули барқро аз худ кардаст

“Ба Ҳукумати кишвар зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоти воридотивазкунанда аз алюминий дар кишвар чораҳои таъхирнопазир андешад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ ба роҳбарияти “Ширкати алюминийи Тоҷик” супориш дод, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати лоиҳаи азнавсозии корхонаи истеҳсоли алюминийи аввалияро таъмин намуда, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондан ва зиёд намудани коркарди ниҳоии алюминийи аввалия, афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда ва дарёфти сарчашмаҳои азнавсозии пурраи корхона дар дурнамои наздик тадбирҳои зарурӣ андешад.

Роҳбари ширкати “Талко Голд” ба Аҳмадзода чӣ ваъда дод?

Суҳбати раисиҷумҳур аз навсозии “Талко” дар ҳолест, ки хабар дода шуд, ки корхонаи давлатии “China Machinery Engineering Corporation”-и  Чин корхонаи “Талко”-ро бозсозӣ хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур ду сол идома ёфта, харҷи он 545 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур Ширкати Чин тасмим дорад баъд аз бозсозии корхона, истеҳсоли алюминиюмро то 300 ҳазор тон афзоиш диҳад.

Лентаи хабарҳо
0