Қатъи ваколатҳои Бурихонзода: Зуҳуров боварии Раҳмону мансаби навро шодбош гуфт

© акс аз саҳифаи фейсбукии Носирҷон Маъмурзода, мақомдори ҳукумати ХатлонФирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ваколатҳои Шарифӣ Фирӯза Бурихонзодаро, ба ҳайси вакили парлумон пеш аз муҳлат қатъ кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Шарифӣ ахиран бо розигии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардида, ваколатҳои ӯ дар парлумон ҳафтаи гузашта қатъ карда шуданд.

Қуттӣ барои ворид кардани варақаҳои интихоботӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни тақдими як гулдаста Фирӯза Шарифиро барои сазовор шудан ба боварии раисиҷумҳур шодбош гуфта, дар иҷрои вазифаҳо дар мансаби нави пурмасъулаш муваффақият таманно кард. Ба гуфтаи Зуҳуров, Фирӯза Шарифӣ аз мактаби хуби Маҷлиси намояндагон гузашта ва раисиҷумҳур низ аз малакаҳояш тавсиф кардааст.

Аввали моҳи равон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ ба ҷои Махфират Хидирзода, ноиби раиси вилоят таъин гардид.

Аз вакилӣ ба раисӣ ва баръакс: тафсилоти тағйироти кадрӣ

Фирӯза Шарифӣ аз 2 ноябри соли 2016 вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлис дар умури энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия буд.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Сабқат сар шуд! Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро муаррифӣ карданд

Ҳукумати Хатлон ҳолномаи Фирӯза Шарифиро нашр кардааст, ки тибқи он муовини навтаъини раиси вилоят 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор, модари як фарзанд мебошад.

Солҳои 1995, 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Азиззода ба ҷои Азиззода: роҳбари Суғд раиси нави Мастчоҳро муаррифӣ кард

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0