Сабқат сар шуд! Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро муаррифӣ карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон 134 номзади худро вориди сабқати интихоботи Маҷлиси намояндагон хоҳанд кард. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ин рақам ба 205 нафар мерасид

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Аҳзоби сиёсӣ 70 нафарро тариқи рӯйхати ҳизби ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардаанд.

Урна для голосований. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози сабти расмии номзадҳо ба вакилии парлумон дар Тоҷикистон

Омори ҳавзаи якмандата то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст, аммо бино ба додаҳои аҳзоби сиёсӣ, аз ин ҳавза 64 нафари дигар пешниҳод шудаанд. Теъдоди афроде, ки аз роҳи худпешбарӣ ва ё муассисаву созмонҳо пешниҳод шудаанд, то ба ҳол дақиқ нашудааст.

Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аҳзоби сиёсӣ то 15 сентябр номзадҳои худро аз рӯйхати ҳизбӣ барои ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардаанд ва баррасии ҳуҷҷату асноди онҳо то 9 феврали соли равон идома меёбад.

"Ҳар номзаде, ки таъйиди КМИР-ро мегирад, аз ҳамон рӯз ҳаққи шурӯъи маъракаи пешаинтихоботии худро ба даст меорад. КМИР баррасии аснодро пас аз такмил шудани онҳо аз сӯи аҳзоби сиёсӣ шурӯъ мекунад", - гуфт Салимӣ.

Тибқи иттилои КМИР, Ҳизби аграрӣ – 13, Ҳизби демократ – 4, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7, Ҳизби коммунист – 7, Ҳизби сотсиал – демократ – 5, Ҳизби сотсиалист – 6 ва Ҳизби халқӣ – демократӣ - 28 нафарро аз рӯйхати ҳизбӣ ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд.

Президент барканор карду ба вакилӣ пешбарӣ шуд: Азиззода дар интихобот иштирок мекунад

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон омори номзадҳои худро аз ҳавзаи якмандата низ ироа доштанд, аммо гуфтанд, эҳтимол дорад, ин арқом тағйир ёбанд.

Бино ба маълумоти аҳзоб, дар ҳоли ҳозир Ҳизби аграрӣ – 5, Ҳизби демократ – 8, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 6, Ҳизби коммунист – 1, Ҳизби сотсиалист – 3 ва Ҳизби халқӣ – демократӣ - 41 нафарро дар ҳавзаи якмандата вориди сабқатҳои интихоботӣ хоҳанд кард.

Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва супориши Аҳмадзода ба мақомоти вилояти Суғд
Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон аз ин ҳавза номзад пешниҳод накардааст. Қаблан раиси ин ҳизб Раҳматулло Зойиров тариқи расонаҳо аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки гарави интихоботиро лағв кунад, чун бавижа аъзои ин ҳизб афроди зиёӣ ва донишгоҳӣ буда, қудрати пардохти гаравпулиро надоранд.

Тибқи Қонуни интихоботи Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ сари ҳар номзад аз ҳарду ҳавза бояд 100 нишондод ё ба ҳисоби имрӯз 5 800 сомонӣ гарави интихоботӣ пардохт кунанд.

Дар Душанбе дар рӯзи интихоботи парлумонӣ 70 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешавад

Бино ба ин қонун, агар ҳизби сиёсӣ аз 10% ва номзад аз 5% раъйи бештар ба даст орад, гарави интихоботиро бозпас мегирад, дар акси ҳол, ин маблағ баргардонида намешавад. Бино ба ин қонун, 65% аъзои Маҷлиси намояндагон ё 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 35% ё 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби курсиҳои парлумон хоҳанд шуд.

Дар интихоботи парлумони соли 2015 барои курсиҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 285 номзад, дақиқан 103 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ ва 182 нафар, ба шумули 80 нафари тариқи худпешбарӣ вориди сабқат шуда буданд.

Дар охирин лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, дар тамос бо Sputnik Тоҷикистон масъулини Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфтанд, ки теъдоди муддаиёни курсиҳои парлумон аз ҳавзаҳои якмандата, бахусус номзадҳои мустақил дақиқ нашудааст.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0