Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созиш бо Эрон: пул барои роҳу равшанӣ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо ҷониби Эрон барои анҷоми сохтмони нақби “Истиқлол” ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Лоиҳаи ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати рушди захоири обу нерӯи Эрон таҳия шуда, Ҳукумати Тоҷикистон 30 декабр бо судури як қарор барои имзояш иҷоза додаст.

Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон: нақби “Истиқлол” тавассути муҳандисони эронӣ такмил мешавад

Дар назар аст, ки ҷониби Эрон барои анҷоми сохтмони марҳилаи дуюми нақби “Истиқлол”, аз ҷумла барои лоиҳакашӣ, харид ва насби дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, равшанидиҳӣ, оташнишонӣ ва амниятӣ ҳудуди 5,5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.

Ҳукумат Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки бо ҷониби Эрон макону замони имзои ин санадро ҳамоҳанг кунад.

Ин созиш дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон гуфт, бо вуҷуди он ки нақби “Истиқлол” чандин сол фаъолият дорад, ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест ва бояд навсозӣ шавад.  Ӯ афзуд, барои навсозии нақби “Истиқлол” 10 миллион доллар равона шудааст.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои мубодилаи барқ бо Эрон

Ба гуфтаи вай, дар нақби “Истиқлол” бояд системаи ҳавокашӣ, равшанидиҳӣ аз нав такмил дода шавад ва роҳи дохили нақб пурра таъмир карда шавад.

Нақби “Истиқлол” маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад ва бо сармоягузории Эрон бунёд гардид, аммо ҳоли хароб қарор дорад. Ахиран мақомоти Эрон эълон карданд, навсозии нақбро сармоягузорӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0