Эрон: нақби “Истиқлол” тавассути муҳандисони эронӣ такмил мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевТоннель Истиклол, архивное фото
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Эрон эълон намудааст, ки муҳандисони эронӣ нақби "Истиқлол" (Анзоб)-и Тоҷикистонро такмил хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Фасли Тиҷорат, мудиромили ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон бо ишора ба тавофуқи сурат гирифта, байни вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва вазири нерӯи Эрон гуфт, муқаррар шуд, Эрон барои такмили нақби “Истиқлол”-и ин кишвар иқдомҳои лозимро ба амал оварад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зоҳидӣ бо Ардакониён масъалаи анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол”-ро баррасӣ кард

Мақомоти эронӣ афзудааст, нақби панҷкилометрии “Истиқлол”-и Тоҷикистон тавассути муҳандисони эронӣ сохта шуда ва бархе қисматҳои он нотамом боқимонда буд, ки дар тавофуқе, ки дар рӯзҳои ахир байни ду кишвар сурат гирифт муқаррар шуд, Эрон нисбат ба такмили рӯшноиҳои ин нақб иқдоми лозимро ба амал оварад.

Нақби “Истиқлол”, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он пайванд медиҳад, ба сарфи ҳазинаи 60 миллиондолларӣ, тавассути Эрон ва дар муддат се сол сохта шуд.

Мудиромили ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон бо баёни инки акнун равобити Эрон ва Тоҷикистон нисбат ба гузашта бисёр мусбаттар шудааст, идома дод, бар асоси таъкиди вазири нерӯ мабни бар тавсеаи равобит бо кишварҳои минтақа, ки ҳам ҳамзабон ва ҳам мусалмон ва ҳамсоя ҳастанд, ин ширкат аз як моҳ пеш тавсеаи равобит бо Тоҷикистонро дар дастури кор қарор дода, ки натиҷаи он, имзои тавофуқномаи мазкур аст.

Муродӣ идома дод, бар ин асос қарор аст, паймонкорон ва мушовирони Эрон дар муноқисаҳое, ки Тоҷикистон дар заминаи сохту тавсеаи сад ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ баргузор мекунад бо истифода аз собиқаи ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯ ширкат кунанд.

Вай афзуд, ҳамчунин муқаррар шуд, иқдомҳои лозим барои судури хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ дар заминаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва сохти сад сурат гирад. Муродӣ гуфт, кишвари Тоҷикистон кишваре пуроб аст, ки барномаҳои зиёде барои сохт ва такмили сад ва эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обӣ дорад ва интизор меравад, ширкатҳои эронӣ битавонанд саҳми муносибе аз ин проектҳоро ба худ ихтисос диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0