Аз парлумон ба парлумон: пешбари шудани Гулбаҳор Назирӣ барои вакилӣ

© Sputnik / Aleksei Malgavko / Гузариш ба медиабонкДевушка опускает бюллетень в урну на выборах президента РФ на избирательном участке в Бахчисарае
Девушка опускает бюллетень в урну на выборах президента РФ на избирательном участке в Бахчисарае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Хуҷанд номзадии Гулбаҳор Назирӣ ро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии № 13 -и Хуҷанд пешбарӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Гулбаҳор Назирӣ, ҳоло аъзои Парлумон аст ва номзадии ӯ барои вакилӣ дар соли 2015 аз ҳамин ҳавзаи якмандатии Хуҷанд пешбарӣ шуда буд.

Город Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот дар Суғд: занони Конибодомро ба интихобот даъват карданд

 Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Хуҷанд, пешбарии такрории Гулбаҳор Назирӣ барои вакилӣ ба Порлумони касбии Тоҷикистон дирӯз аз сӯи масъулони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд матраҳ шудааст.

Дар кори ҷаласа Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Орифҷон Умаров, муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13, ва 195 вакилон, гуруҳҳои таблиғотӣ ва чанде дигар аз масъулини ҳизб ширкат карда, барои аз нав пешбарӣ кардани номзадии Гулбаҳор Назирӣ ба Маҷлиси намояндагон ибрози назар кардаанд.

“Бо назардошти фаъолияти муваффақонаи Гулбаҳор Назирӣ дар парлумони касбӣ номзадии ӯ аз нав ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда мешавад”, омадааст дар иттилоия.

© акс аз Sputnik ТоҷикистонҲавзаи интихоботии Хуҷанд
Аз парлумон ба парлумон: пешбари шудани Гулбаҳор Назирӣ барои вакилӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавзаи интихоботии Хуҷанд

Дар ҷараёни кори ҷаласа аз тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбати пешбарӣ гардидани номзадии Назирӣ Гулбаҳор Назир ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 рушан гардидааст.

Порлумони касбии Тоҷикистон ҳоло аз 63 вакил иборат аст, ки 21 нафари он тавассути овоздиҳии ҳизбӣ ва боқмонда аз ҳисоби райдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар вакил интихоб карда мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, ба ҳисоби вакилон аз ҲХДТ, барои аввалин бор намояндаи аҳзоб аз ҷумла Усмонзода Саидҷаъфар Усмон аз ҳисоби ҲДТ, се нафар аз ҷумла Олимҷон Бобоев ва Рустам Қудратов аз ҲИИТ, Анвар Ахмедов ва Аҳмадҷон Қобилов аз ҲАТ, Абдуллозода Иброҳим ва Абдуҷаббор Ахмедов аз ҲКТ ва Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ ҳар яке аз тариқи ҷамъ 5 дарсади райи ҳизбӣ ва ё аз ҳисоби интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳо ба сифати вакил ба Порлумони касбӣ роҳ ёфта буданд.

Лентаи хабарҳо
0