ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом ҳамоиши "Занон ва интихобот" баргузор гардид..
Тавре Мақомоти шаҳри Конибодом хабар медиҳад, дар мулоқот коршиноси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Қурбон Қурбонов, намояндаи Кумитаи рушди маҳал Акмал Зоиров, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ Муҳаммадюсуф Рауфзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолзанон аз шаҳру деҳот, ходимони дин ва ҷавонон иштирок намудаанд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории ин ҷаласа, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, саҳми бонувон дар раванди маъракаи интихобот ва сайқал додани маърифати ҳуқуқии ҳар як сокин, будааст.
Қурбонов доир ба маъракаи сиёсии дар пеш истода – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва нақши занон дар гузаронидани интихобот сухан гуфта, доир ба интихобот ва рушди давлатдорӣ, қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба интихобот, иштироки фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ ва муайян намудани мавқеи худ, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ, участкаҳои интихоботӣ ва салоҳиятҳои онҳо, иштироки нозирон ва натиҷаи интихоботи қаблӣ изҳори назар намудааст.
Ҳамчунин, Акмал Зоиров оид ба масъалаи рушди маҳал ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мавзуна Ҷӯраева дар мавзӯи "Занон ва интихобот: вазъи муосир ва дурнамои рушд" маърӯзаҳо намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.
Тибқи фармони мазкур, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 доир мегардад.