Се рӯзи азои Эрон: ваъдаи интиқоми сахти Хоманеӣ баъди қатли Сулаймонӣ бо фармони Трамп

© AFP 2023 / ISNA/MEHDI GHASEMIГенерал-майор Касем Сулеймани, командующий спецподразделением "эль-Кудс" (Иерусалим) в составе КСИР, архивное фото
Генерал-майор Касем Сулеймани, командующий спецподразделением эль-Кудс (Иерусалим) в составе КСИР, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оятуллоҳ Хоманеӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, дар паёми таслияти марги генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кардаст, интиқоми сахте интизори ҷинояткороне аст, ки даст ба қатли генерал задаанд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Хоманеӣ зимни тавсиф аз қаҳрамониҳои Сулаймонӣ изҳор доштааст, ки кори ӯ мутваққиф нахоҳад шуд, хабар додаст Парс тудей.

Министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатли генерал Қосим Сулаймонӣ: посухи Ҷавод Зариф ва ҷаласаи фаврӣ дар Теҳрон

Роҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар робита ба марги Сулаймонӣ дар Эрон се рӯз азои умумӣ эълом кардааст.

Ин таҳдид дар ҳоле садо дод, ки Пентагон гуфт,  бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми ИМА медонанд.

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар саҳифааш дар Твиттер қатли Сулаймониро аз ҷониби ИМА, террор ва аблаҳӣ хонда, ки шиддати авзоъро дар пай дорад.

Ӯ афзудааст, ки Сулаймонӣ аз муваффақтарин нерӯ дар мубориза бо созмонҳои террористии “ДОИШ”, Ал-Нусра ва Ал-Қоида буда, қатлаш амали хеле хатарнок ва аблаҳона барои муташанниҷ кардани вазъият буд.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
"Ин фикри бад аст": Трамп Эронро дар ҳуҷум ба сафорати ИМА дар Ироқ муттаҳам кард

Агнес Каламар, гузоришгари махсуси СММ қатли Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашро ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқи башар хондааст.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА бо нашри як навор дар саҳифаи интернетияш изҳор доштааст, ки ироқиҳо дар кӯчаҳо барои озодӣ мерақсанд ва миннатдоранд, ки генерал Сулаймонӣ дигар нест. Гуруҳе аз мақомдорони ИМА аз қарори Трамп ҷонибдорӣ карда, ҷаҳонро бе Сулаймонӣ амнтар хондаанд, қатлашро амалиёти дифоӣ унвон кардаанд.

​Аммо бархе аз мақомдорони ИМА аз тасмими Трамп интиқод кардаанд, ки амалан метавонад, куштори бештареро дар пай дошта бошад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар пасманзари хабарҳо аз қатли Сулаймонӣ дар саҳифааш танҳо парчами давлаташро нашр кардааст ва шарҳеро ироа накардааст.  

Лентаи хабарҳо
0