22 сол пас: Олег Фезов аз шаҳрвандии Олмон даст кашид ва шиносномаи тоҷикӣ гирифт

Обуна шудан
Олег Фезов, овозхони маъруфи тоҷик, ки 22 сол боз дар Олмон зиндагӣ мекунад, дирӯз, 24 декабр дар шаҳри Душанбе шиносномаи тоҷикиро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.  Ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шиносномаи тоҷикиро ӯ дар шӯъбаи ноҳияи Сино – 1 – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соҳиб шуд ва дар манзили коргардони маъруфи синамо Искандар Усмонов сабти ном кард.

"Ростӣ, ба даст овардани шиноснома вақти зиёд гирифт, чун вақте ба шӯъбаи милиса муроҷиат кардем, ҳуҷҷатҳои маро ба зудӣ пайдо накарданд. Моро лозим омад, ки қариб ду моҳ бархе ҳуҷҷатҳоро ҷамъ оварем ва ниҳоят, бо кӯмаки кормандони шӯъбаи милисаи Сино – 1 шиноснома ҳам омода шуд ва ҳоло онро дар даст дорам. Ман хеле хушбахтам”, - мегӯяд овозхон.

Олег Фезов соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳ (ҳоло Коллеҷ) – и рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе бо ихтисоси рассоми ороишгар аст.

Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Далер Назаров мехоҳад дар Хоруғ мактаби мусиқӣ бисозад

Як муддат дар "Машъал", маҷаллаи хонандагони мактабҳои Тоҷикистон кор карда, боре ҳам унвони беҳтарин рассоми ороишгари матбуоти бачагонаи Осиёи Миёна ва Қазоқистонро ба даст овардааст.

Фезов таҳти таъсири ҳунармандони маъруф марҳум Мақсудшо Имматшоев ва Далер Назаров рӯ ба мусиқӣ овардааст. Зуҳури муассири ӯ дар олами мусиқии тоҷик ба ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта рост меояд, бахусус вақте бо иттифоқи мутриб ва танзимгари овозадор Соҳибқирон Нозимов ва гиторнавози маъруф Илҳом Муҳиддинов гурӯҳи "Дарвеш" – ро таъсис доданд.

Заррагул Искандарова: бо пои баста дар саҳна

Ӯ соли 1991 соҳиби Ҷоизаи махсуси озмуни он замон хеле мӯътабари "Садои Осиё" дар Алмаато гардид, ки бо ширкати ҳунармандони 30 кишвар баргузор шуд. Дар он озмун Наргис Бандишоева, овозхони маъруфи тоҷик мақоми аввалро гирифт, ки аз панҷ ду таронааш, "Лалаик" ва "Дар ин шаб мастам" оҳангҳои Олег Фезов буданд.

Ҷанги дохилӣ мусиқии мардумии Тоҷикистонро дарҳам кӯфт. Қатлу куштори афроди маъруфи мардумӣ ба яке аз шеваҳои ангехтани ваҳму равған рехтан ба оташи мухолифатҳои дохилӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт.

Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар хумори падар ҳастанд: 58 - умин солрӯзи Кароматуллои Қурбон

Соли 1992 яке аз ситораҳои тобони мусиқии тоҷик Кароматулло Қурбонов аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд. Бадтар бар асари бемориҳои тӯлонӣ ситораҳои дигар - Тоҷиддин Муҳиддинов (1997), Хурмо Ширинова (1998) ва Муборакшоҳ Мирзошоев низ дида фурӯ бастанд. Бархеи дигар рӯ ба ғурбат оварданд. Мағфират Ҳамроқулова, овозхони маъруф, аввал ба Маскав ва сипас Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паноҳанда шуд.

Далер Назаров ва Парвиз Назаров бо иттифоқи оилаҳои худ ба Қазоқистон рафтанд. Мақсудшо Имматшоев ба Маскав, сипас Олмон паноҳ бурда, соли 1993 дар пайи як садамаи нақлиётӣ дунёи фониро падруд гуфт ва ҷанозаи ӯро ба ватан оварданд.

Олег Фезов низ маҷбур шуд аҳли хонаводаашро ба Маскав кӯч диҳад. Ҳамсари ӯ Лола Тайғуншоева, ҳунарпешаи ба мардуми Тоҷикистон ошно аз филми маъруфи "Нахустин субҳи ҷавонӣ” ё "Нисо" (коргардон Давлат Худоназаров) бо ду фарзандаш - Далеру Нисо - аввал ба Маскав, сипас соли 1993 ба Олмон паноҳ бурданд.

Олег ба Душанбе баргашт.

“Дӯстонам дар Душанбе мегуфтанд, ки замонати амнияту фаъолиятҳои маро ба зимма мегиранд. Агарчи замони ҷанг буд, силоҳдорон бедодгарӣ мекарданд, аммо ба ман ҳеҷ кас ғараз намегирифт. Ман ҳамоно бо гурӯҳи “Дарвеш” кор мекардам, консерт медодем ва дар маҳфилҳои арусӣ ширкат доштем”, - ба ёд меорад овозхон.

Соли 1993 дар маркази музофоти Швабияи Олмон – шаҳри Штутгарт аввалин албоми Олег Фезов бо номи "Лалаик (алла) - и Помир" дар шакли компакт-диск нашр шуд, ки аввалин сабти диски лазерӣ дар таърихи мусиқии тоҷик ба ҳисоб меравад (ин албом соли 1995 дар ИМА (Miramar/BMG) бознашр шудааст).

Саши Заифи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саши Заифӣ: "Наргис Бандишоева дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик буд"

Чанде аз сурудаҳои ӯ, аз ҷумла "Марав" дар таронаҳои мунтахаби "Voice of Europe", "Crossing Cultures" ва "Voice of Asia" ҷой гирифтанд. Ҳамон замон бо иттифоқи Далер Назаров ва Юлдуз Усмонова ӯ дар барномаи сесоатаи "Ситораҳои Осиё" дар 10 шаҳри Олмон ширкат кард.

Тирамоҳи соли 1996 дар Маскав силсилаи консертҳои гуруҳи "Дарвеш" таҳти унвони "Зуҳури сонии Олег Фезов" баргузор шуд. Соли 1997 албоми дуввумаш "Лакатум" нашр шуд. Чанд моҳ пас аз нашр таронаи "Лакатум" дар бистгонаи таронаҳои маъруф дар Аврупо - World Music Charts Europe - ҷой гирифт. Аммо дар айни авҷи ҳунар ва шӯҳрат Олег Фезов маҷбур ба ҷилои ватан шуд.

"Онҳое, ки амнияти маро ба дӯш доштанд, гуфтанд, ки мо дигар наметавонем туро ҳимоят кунем. Ҳоло дар кишвар силсилаи кушторҳои нухбагони фарҳангиву сиёсӣ шадид шудааст, ту бояд биравӣ", - ба ёд меорад Олег Фезов.

Ӯ ба Маскав, аз он ҷо ба Олмон рафт ва бо хонаводааш пайваст. Дар яке аз ширкатҳои дизайнсозӣ ба кор даромад ва то ба имрӯз ягон тарона насуруд.

"Дар Олмон беҳтарин мутрибон зиндагӣ мекунанд, аммо ҳеҷ яке ба дарди ман нахӯрд. Ҳатто афғонҳо, ки бо мо наздик ҳастанд, дар навохтани таронаҳои тоҷикӣ оҷизанд. Дар ин маврид ба мо узбакҳо наздиканд, ки таронаҳои тоҷикиро хеле олӣ менавозанд, аммо онҳо дар дастраси ман набуданд", - мегӯяд овозхон.

Олег Фезов як бор соли 2006 ва бори дуввум ду моҳи қабл ба Тоҷикистон омад. Моҳи гузашта модараш Шаҳзодахонум Фезова бар асари маризии мудаввом дар синни 80 – солагӣ дунёро падруд гуфт. Олег тасмим гирифт, ки шиносномаи дохилиашро барқарор кунад.

"Тайи 22 сол ман ҳеҷ гоҳ накӯшидам, ки шаҳрвандии Олмон ё ягон кишвари дигарро ба даст оварам. Як ду маротиба ба ман аз мақомоти Олмон гуфтанд, ки мӯҳлату шароити шаҳрвандии Шумо расидаву фароҳам шудааст, метавонед шиноснома гиред. Пурсидам, оё душаҳрвандӣ доред? Гуфтанд, на. Гуфтам, агар чунин аст, ман шаҳрвандии Олмонро қабул намекунам, зеро ватан дорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз шаҳрвандияш даст намекашам", - мегӯяд Олег Фезов.

Олег Фезов то ба ҳол бо шиносномаи хориҷӣ, ки барояш аз сӯи консулии Тоҷикистон дар Олмон дода ва тамдид мешуд, зиндагӣ мекард. Вай мегӯяд, аз ин ба баъд зуд – зуд ба Тоҷикистон меояд ва шиносномаи дохилӣ ҳаракату фаъъолиятҳои ӯро осон мекунад. Ӯ мехоҳад, анбони таронаву оҳангҳояшро, ки тӯли ин солҳо дар Олмон ҷамъ овардааст, пеши ҳамватанонаш боз кунад.

“Ҳис мекунам, ки вақт кам мондааст. Бояд кор кард ва он чиро Худованд амонат додааст, ба мардум таслим намуд”, - мегӯяд Олег Фезов.
Лентаи хабарҳо
0