ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Имрӯз 29 - уми ноябр агар Кароматуллои Қурбон дар қайди ҳаёт мебуд, 58 - сола мешуд. Аммо зиндагӣ бевафоӣ кард ва имрӯз ҷои ин нобиғаи санъат миёни пайвандон, ёру дӯстон ва ҳаводоронаш абадан холӣ аст.
Фарзандони ин ҳунарманди нотакрор тайи чанд соли ахир пайи ҳам ба хотири бузургдошти падар барномаи консертӣ баргузор мекунанд.
Имсол низ Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барномаи консертӣ бо номи "Хумори падар" баргузор мекунанд.
Маъмулан фарзандони ин ҳунарманд сурудҳои ӯро бозхонӣ намуда, ба онҳо боз ҷону тан мебахшанд.
Садриддин Наҷмиддин: Кароматуллоҳ Қурбонро душманони миллат аз миёни мо бурданд
Кароматуллоҳи Қурбон, аз хушномтарин овозхонҳои тоҷики асри 20, ки соли 1992, дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ кушта шуд, агар умр вафояш мекард, имрӯз ба синни 56 мерасид. Қатли Кароматуллоҳ ва аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯ дар тирамоҳи соли 1992 аз ҷонсӯзтарин саҳифаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шумурда мешавад.
Ӯ 29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кўлоб дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ихтисоси касбиро соли 1982 дар Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе гирифтааст.
Дар давараи мактабию донишҷуиаш Караматуллои Қурбон алакай худро дар ҷодаи санъат нишон дода буд. Барои ҳамин баъди хатми донишкада таввонист дар дастаи пурҳунари "Гулшан" ҳунарнамоӣ кунад.
Ин овозхони нотакрори тоҷик соли 1992 аз дасти номардони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон кушта шуд.