ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Далер Назаров ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Хоруғ як мактаби мусиқӣ сохта шавад.
Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, пешниҳоди Далер Назаров аз ҷониби раиси вилоят Ёдгор Файзов хуш пазируфта шудааст.
"Ёдгор Файзов гуфт, беҳтарин пешниҳод аст ва агар ягон маблағи иловагӣ дарёфт шавад, албатта шуморо дастгирӣ мекунем", - гуфт Ниякбеков аз қавли раиси вилоят.
Мулоқоти Далер Назар бо Файзов: аз таърифи раис то мақсади маэстро аз сафар ба ВМКБ
Ёдгор Файзов рӯзи 22 август бо Далер Назар мулоқот карда, дар мавриди бахши фарҳангу овозхонӣ табодули афкор намуданд.
Далер Назаров гуфт, овозхонони ҷавони Бадахшон имрӯз хеле машҳур шуда истодаанд.
"Мо мақсад дорем, ки овозхонони ҷавони вилоятро дастгирӣ намоем. Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам”, - изҳор дошт Далер Назар.
Ӯ афзуд, ки овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуб доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд.
“Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натиҷабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кумаки худро дареғ намедорад”, - изҳори умедворӣ кард Далер Назаров.
Ҳамчунин Далер Назаров дар ин сафари худ меҳмони барди машҳур Саши Заифӣ шуда буд.
Вале ба гуфти Саши Заифӣ дар ин дидор ҳунармандон аз мусиқӣ суҳбат накарданд, чун ин вохӯрии ду бародарро мемонд, ки солҳо аз ҳунари ҳамдигар бохабар ва мухмуранд.
"Ман аз он бисёр шод шудам, ки Далер ҳамон рӯз аз Душанбе ба Бадахшон омаду пагоҳаш ба хонаи ман омад. Чун дар хона на ман ва на ӯ маҳоратамонро эҳсос намекардем. Мо дар бораи касбу ҳунар суҳбат накардем. Ӯ чун бародар ба дидори ман омад ва ман чун бародар барояш чой фаровардам. Ҳаминаш дар воқеъ ширин буд", - гуфт Саши Заифӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.