ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Як манбаъи огоҳ аз музокирот ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, созишномаи марзӣ ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи сарони СПАД (Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) ба Бишкек, ки 28 ноябри соли равон баргузор шуд ва мулоқоти ӯ бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков ба баррасӣ гирифта шуда, ҷонибҳо ризоияти худро аз он изҳор дошта буданд.
Вай афзуд, он чӣ имрӯз дар марзи ду кишвар иттифоқ меафтад, кӯшиши бархе доираҳои мухолифи ин созишнома дар Қирғизистон аст. “Бубинед, тамоми иттифоқоте, ки 15 рӯзи ахир дар марзи ду кишвар меафтанд, маҳз пас аз ин тавофуқи қаблӣ шурӯъ шуданд ва пушти он ҳама мақомоти амниятии қирғиз қарор доранд. Дар асл Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳо ин равандро ба анҷом расонида, мунтазири ба имзо расидани ин санади таърихӣ аз сӯи раҳбарони кишварҳо нишастааст”, - гуфт ин манбаъ. Шурӯъ аз 5 декабр ба ин сӯ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як силсила ҳаводисе рух медиҳанд, ки дигарбора мавзӯъи ин баҳси 30 – соларо дар расонаҳо доғ кардааст.
5 декабр як сокини деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистонро марзбонони тоҷик дар марзи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон боздошт карданд, ки дар посух қирғизҳо шоҳроҳи Исфара – Ворухро тақрибан як соат баста, мусофирони се микроавтобус ва зиёда аз 20 мошини сабукравро дар майдони назди қисми низомии ин маҳал нигаҳ доштанд.
11 декабр гурӯҳии марзбонони мусаллаҳи қирғиз ба деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ворид шуда, аз деҳқонони чоркӯҳӣ тақозо карданд, ки заминҳои баҳсиро шудгор накунанд.
14 декабр гурӯҳе аз сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд як нонвойхона ва мағозаи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ сангборон карда, шишаи тирезаҳо ва шиферҳои боми онҳоро шикастанд.
16 декабр тӯдаи сокинони деҳаи Оқсой шишаҳои мошини сабукрави сокини деҳаи Сомониён Урмониддин Сафаровро шикаста, ба ӯ хисороти моддию молиявӣ оварданд. Сокинони Исфара ба расонаҳо хабар доданд, ки ин юришҳои сокинони Оқсойро фармондеҳи дидбонгоҳи марзии Кӯк Тоши ноҳияи Бодканд Мирбек Султонбаев раҳбарӣ мекунад.
Ҳамон рӯз дар деҳаи Сомониён намояндагони ҳукумат ва мақомоти амниятии навоҳии Исфараву Бодканд сари мизи музокирот нишаста, ба ин натиҷа расида буданд, ки дигар низомиёни ду кишвар дар умури сокинони ду тарафи марз дахолат накунанд.
Аммо 17 декабр Ояхон Давлатова, яке аз сокинони маҳаллаи Бакайи деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон Моҳҷабин Тағоева ва Басонат Каримова, ду хонандаи синфи 4 – и мактаби № 62 – и ҷамоаи деҳоти Ворухро, ки аз мактаб бармегаштанд, тавҳин ва ба сӯяшон сангпаронӣ кард.
Дар натиҷа Басонат Каримова аз по захм бардошт. “Маълум шуд, писари 35-солаи Давлатова ба номи Улан дар ҷараёни даргирии марзӣ, ки моҳи июл иттифоқ афтод, тир хӯрдааст ва ба ҳамин далел Давлатова ба сокинони Чоркӯҳ кина дорад ва аз онҳо мутанаффир аст ва мураттабан ба кӯдаконтоҷик тавҳин ва онҳоро латукӯб мекунад”, - мегӯяд яке аз шоҳидони ҳодиса.
Ба ҳамин минвол, субҳи имрӯз, 18 декабр як сокини деҳаи Кӯктоши Қирғизистон ба Умед Сафаров, хонандаи синфи 8 –и мактаби № 64 – и деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҳамла карда, вайро мавриди зарбу лат қарор дод ва ӯро захмӣ кард.
Мардуми маҳал мегӯянд, марзбонон қирғиз нозири вазъ буданд ва ҳеҷ иқдоме накарданд. Аммо вақте сокинони Сомониён сокини Кӯктошро, ки ба кӯдак ҳамла карда буд, латукӯб намуданд, онҳо шурӯъ ба шиллик карданд. Дар посух марзбонони Тоҷикистон низ оташ кушоданд ва низомиёни қирғиз шиллики оташро мутаваққиф кард.
Дар пайи ин ҳодиса, бино иттилои сокинони маҳал, дар ин занозанӣ 5 нафар, аз ҷумла хонандаи синфи 8 Умедҷон Сафаров ва имомхатиби масҷиди ин деҳа Содиқбой Набиев ва як корманди милисаи Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд.
Се сокини Сомониёнро дар бемористони Исфара бистарӣ кардаанд. Табибон гуфтанд, ки Умедҷон Сафаров дар натиҷаи латтукӯб ва Асрорхон Асадзодаи 23-сола ва Содиқбой Набиеви 59-сола дар натиҷаи сангпартоӣ маҷруҳ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти қирғизистон аз захмӣ шудани як сарбоз ва як вакили маҳаллӣ хабар додаанд. Сокинони Сомониён мегӯянд, авомили Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилаи Қирғизистон бо раҳбарии фармондеҳи посгоҳи марзии Кӯктош Мирбек Султонбоев аз сокинони қирғиз ҳимоят мекунанд.