Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷаласа дар Чоркӯҳ: эҳтимоли аксуламали ҷиддии мардум ба марзбонони қирғиз-видео

© Фото : Зульфия ТургуноваМестные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манобеъи расмии маҳаллӣ дар Исфара мегӯянд, тайи як моҳи ахир дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон тавтиаҳое созмондеҳӣ мешаванд, ки вазъро рӯз ба рӯз ноором мекунад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар як иттилоияи катбӣ, ки аз сӯи ин манобеъ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, ба нақли қавл аз сокинони маҳалҳои наздимарзӣ гуфта шудааст, ки "тамоми ин амалҳои ғаразноку иғвогарона ва харобиовар бевосита аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ ва худи марзбонони Қирғизистон ташкил, роҳбарӣ ва идора карда мешавад".

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Сангпартоӣ ва шишаҳои шикаста: “бетартибӣ”-и марзбонони қирғиз дар марз

Бино ба ин гуфтаи ин манобеъ, тавтиаҳо қадам ба қадам аз рӯи кадом як тарҳи махсус ба амал меоянд ва аз 5 ба 16 декабр ба ин сӯ пиёда мешаванд.

Рухдодҳо ба тариқи зайл аз сӯи манобеъи расмӣ ривоят мешаванд: 5 декабри соли равон як сокини деҳаи Оқсой дар марзи деҳаи Ворухро марзбонони тоҷик боздошт карданд ва дар посух қирғизҳо шоҳроҳи Исфара – Ворухро тақрибан аз 13 то 14 -и ин рӯз баста, мусофирони се микроавтобус ва зиёда аз 20 мошини сабукравро дар майдони назди қисми низомии ин маҳал, чун гаравгон нигаҳ доштанд.

11 декабр гурӯҳии марзбонони мусаллаҳи қирғиз дар маҳаллаи Сомониён ба марзи Тоҷикистон ворид шуда, монеъи деҳқонони чоркӯҳӣ шуданд, ки мехостанд заминҳои худро шудгор кунанд.

Далели марзбонони қирғиз ин буд, ки ин заминҳо баҳсиянд.

14 декабр гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Кӯк - Тоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд шишаҳои тирезаҳои мағоза ва шиферҳои боми нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро сангборон карда, барқасдона шикастанд.

16 декабр шишаҳои мошини сабукрави шахсии сокини маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ Урмониддин Сафаровро шикаста, ба ӯ хисороти моддию молиявӣ расониданд.

"Тавре шоҳидони ҳодиса изҳор медоранд, соҳибмулки мағоза ва нонвойхона ин иншоотҳоро бо мақсади хизматрасонӣ ва осон кардани мушкилоти сокинони деҳоти наздисарҳадии ҳарду ҷониб сохта буд ва аз он сокинони маҳаллаи Кок-Тош низ истифода мебурданд. Мутаассифона, ба иншоотҳои номбурда таҳти сарварии сарҳадбонони кишвари ҳамсоя хисорот расонида шуд ва субҳи рӯзи 16 декабри соли 2019 амали харобкорона нисбати мошини шахсии шаҳрванд Урмониддин Сафаров низ таҳти роҳбарии командири дидбонгоҳи сарҳадии Кӯк-Тоши ноҳияи Бодканд Мирбек Султонбаев сурат гирифтааст", - омадааст дар хабар.

Манобеи расмӣ бар инанд, ки афзоиши чунин "амалҳои ғаразнок" аз ҷониби ҳамсоягон таҳти ҳимояти марзбонони қирғиз вазъро ноором месозад ва аксуламали ҷиддиеро аз сӯи сокинони маҳалҳои наздимарзии Тоҷикистон метавонад ба амал орад.

Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос роҳи ҳалли муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт

Қаблан сокинони маҳаллаи Сомониён тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд, ки ҷанҷолу моҷарои марзиро масъулини корҳои дохилӣ ва марзбонони қирғиз созмондеҳӣ ва роҳбарӣ мекунанд.

Лаҳзае, ки ин гузориш таҳия мешуд, дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ҷаласаи фаврии мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи навоҳии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон идома дошт.

Бидуни музокира: шамол баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро "ҳал" кард

Тафсилоти он дар ҳоли дастрас шудан ба нашр мерасад.

Лентаи хабарҳо
0