Сооронбой Жээнбеков ба сафири тоҷик аз "кӯшиш" - ҳои худ ва Эмомалӣ Раҳмон гуфт

© Котиботи раисиҷумҳури ҚирғизистонСуҳроб Олимзода дао ҳузури Сооронбой Жээнбеков
Суҳроб Олимзода дао ҳузури Сооронбой Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сооронбой Жээнбеков раисиҷумҳури Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Суҳроб Олимзодаро ба ҳузур пазируфтааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Бишкек Суҳроб Олимзода, бо Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дидор кард, гузориш медиҳад, котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Қирғизистон, кишвардор дар ин мулоқот кӯшишҳои муштараки худ ва Эмомалӣ Раҳмонро барои тавсеъаи минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла дар масоили марзӣ, таъкид кардааст.

Суҳроб Олимзода ба раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи кӯшишҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ бо ҶҚ дар заминаҳои фарҳангӣ ва инсондӯстӣ гузориш додааст.

Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо Жээнбеков масъалаи марзро баррасӣ кард

Баҳси марзӣ: Олимзода бо вазири умури хориҷии Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ кард

Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябр, вазири умури хориҷии Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ, сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзодаро ба наздаш даъват намуда буд.

Ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карда буданд.

Олимзода ва Айдарбеков санҷиши иҷрои созишномаҳои марбут ба демаркатсия ва делимитатсияи сарҳадотро баррасӣ карданд ва муайян намуданд, ки созишҳо то кадом сатҳ анҷом дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0