Тоҷикистон ба маблағи 258 миллион доллар коло тавлид кард

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ ба арзиши 180 миллион доллар колоҳои санъати сабукро ба кишварҳои хориҷ содир кардааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ширкатҳои саноати сабуки Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 2,5 миллиард сомонӣ муодили  258,2 миллион доллар коло тавлид карданд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТА .

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рушди саноати сабук: танҳо истеҳсоли пилла кам шудааст

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми маҳсулоти саноати сабуки тавлидшуда дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 26,5 миллион доллар афзоиш ёфт.

Зикр мегардад, ки дар ин муддат беш аз 20 ҳазор тонна нахи панба тавлид шудаст.
Ҳамчунин, 510,9 ҳазор дона пӯсти ҷонвар тавлид гардид. Саҳми саноати сабук дар сохтори ТНД Тоҷикистон 10,4 дарсад аст.

Бунёди давлатӣ ба соҳибкорони 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 258 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ дод

Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ ба арзиши 178,7 миллион доллар колоҳои саноати сабук содир кард.

Лентаи хабарҳо
0