ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар корхонаҳои соҳа 12370 тонна ришта ва 4800 метри мураббаъ матои пахтагин истеҳсол гардида, 318973 дона пӯсти чорво коркард шуд, хабар додааст нашрияи “Ҷумҳурият”.
Манбаъ афзуд, ки барои рушди истеҳсолот ба корхонаҳо ба маблағи 9,6 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти нав ворид шудааст. Давоми моҳҳои январ - июл дар кишвар 641354 адад либоси мактабӣ истеҳсол шудааст.
Инчунин таъкид шудааст, ки дар пайи татбиқи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020 истеҳсоли қолин дар ин давра ба 2 миллиону 512,7 ҳазор метри мураббаъ расонда, панҷ корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва беш аз 200 ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Пешниҳоди Нуриддин Саид ба Русия: ба Тоҷикистон мутахассисони соҳаи саноат омода намоед
Нашрия афзудааст, ки бо вуҷуди амал намудани Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020 истеҳсоли пилла дар панҷ соли охир тамоюли пастравиро касб намудааст.
“Агар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 1096 тонна пилла истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли сипаришуда ба 737,7 тонна ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 802 тонна расидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Дар идома зикр шудааст, ки тайи 7 моҳ дар ҷумҳурӣ 10,4 ҳазор метри мураббаъ атлас ва 79,7 ҳазор метри мураббаъ адрас истеҳсол шудааст.