ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон то соати 19:00 тамдид карда шуд.
Масъулини Бонки миллӣ таъкид намудаанд, ки , шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.
“Ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар мерасонем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон ва саривақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, аз 11 декабри соли равон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муаззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи кишвар то соати 19:00 тамдид намоянд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд ва аз хизматрасониҳои дигари бонкӣ истифода намоянд.
Шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.