ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Дар Тоҷикистон нахустин амалиёт бо корти “Мир”-и Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, аввалин амалиёт тариқи корти “Мир” дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” аз ҷониби муовини директори генералии низоми пардохтҳои “Мир”-и Русия Сергей Бочкарев, ки дар Душанбе 6 декабр дар Форуми “Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ” иштирок намуд, гузаронида шуд.
Низоми пардохти “Мир”-и Русия охири соли 2018 бо низоми миллии пардохтҳои Тоҷикистон “Корти миллӣ” созишнома ба имзо расонид.
Ҳамгироии низом бояд ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ, инчунин рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ҳар ду давлат мусоидат кунад.
Ба гуфтаи директори генералии низоми пардохтҳои “Мир”-и Русия Сергей Бочкарев, бонкҳои шарики “Корти миллӣ” имкон доранд кортҳои низоми миллии Тоҷикистонро бо замимаи пардохти “Мир” дастрас намоянд.
“Ин ба дорандагони чунин кортҳо имконият медиҳад, ки онҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия, инчунин дар дигар кишварҳои ИДМ, ки дар он ҷо низоми пардохти “Мир” мавҷуд аст, истифода баранд”, -гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки низоми пардохти “Мир” — низоми миллии пардохтҳои Русия аст. Иштирокдорони он 302 бонк мебошанд, ки қариб ҳамаи онҳо аллакай дар шабакаи дастгоҳҳои худ кортҳои “Мир”-ро қабул карда, хизмат мерасонанд. 159 бонк кортҳои “Мир”-ро бароварда истодаанд. Аллакай 69,7 миллион корт бароварда шудааст.