Чин ба “Талко” 545 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард

© Официальный сайт ТАЛКОТаджикский алюминиевый завод, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозсозии “Талко” дар Тоҷикистон тақрибан ду сол тӯл идома ёфта, 545 миллион доллар масраф хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Корхонаи давлатии “China Machinery Engineering Corporation” Чин корхонаи “Талко”-ро бозсозӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Лоиҳаи мазкур ду сол идома ёфта, харҷи он 545 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур Ширкати Чин тасмим дорад баъд аз бозсозии корхона, истеҳсоли алюминиюмро то 300 ҳазор тон афзоиш диҳад.

Завод “Талко-Крантас”, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ТАЛКО: мо таёрем аз истеҳсолот ва имкониятҳои молии Русия истифода кунем

Дар ҳамин корхонаи “Талко” шарҳ надодааст, ки ширкати чинӣ бо кадом шартҳо барои бозсозии корхона бозсозӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дода буд, ки бонки ВТБ омодааст ба корхонаи “Талко” барои хариди маҳсулоти хом ва бозсозии корхона кумак намояду.

China Machinery Engineering Corporation (CMEC) – пудратчии кул ё фармоишгари аслии тарҳи навсозии "Талко" - соли 1978 таъсис ёфта, беш аз 70 дарсади саҳмияҳояш ба давлати Чин тааллуқ дорад. Ин ширкати азим дар 47 кишвари дунё ҳузур дорад ва таҷҳизоту фанновариҳои саноатии тавлиди Чинро ба хориҷа содир мекунад. Музокироти масъулони ширкати давлатии "Талко"-и Тоҷикистон бо Чин ҳудуди 7 соли охир идома дошт. Моҳи апрели соли равон Жанг Чун, мудири ширкати CMEC, дар изҳороти расмии худ гуфта буд, навсозии корхонаи "Талко" "пас аз иҷрои шартҳои муайян сар мешавад". Аммо ӯ нагуфт, ки ин кадом шартҳо ҳастанд.

Ширкати Талко, ки замони Шӯравӣ яке аз корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ буд ва то солҳои 1990-ум 45 дарсади даромади будҷаи Тоҷикистонро ташкил медод.

Лентаи хабарҳо
0