Ҳушдори ВКД: аз афроди бо риши дарози бетартиб ҳазар кунед!

© © Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции обеспечивают порядок мероприятия, архивное фото
Сотрудники милиции обеспечивают порядок мероприятия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст қоидаҳои оддитарини омодагӣ ба сафар, ҳузур ва будубош дар кишварҳои хориҷиро қатъиян риоя кунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо шахсони бегона тамос нагиранд, то ба доми созмонҳои террористиву экстремистӣ наафтанд.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Мухотаби ҳушдорҳои нашршуда дар сомонаи Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии ВКД – и Тоҷикистон шаҳрвандоне мебошанд, ки аз рӯи зарурат ва эҳтиёҷ азми сафар ба кишвари хориҷӣ кардаанд.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

Вазорат риояи қатъии қоидаҳои оддитаринеро талаб кардааст, ки мусофиронро аз мушкилоти ҳуқуқӣ, моддӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ эмин нигоҳ медорад ва намегузорад, ки “бар асари мушкилоти пешомада ва бо мақсади соҳиб шудан ба маблағҳои калони пулӣ ҳадафи ғаразҳои нопоки ашхоси қаллоб, алоҳида ва ё гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша” шаванд.

 “Пеш аз сафар ба давлати хориҷие, ки онро барои кору фаъолият ва ё таҳсил интихоб намудаед, ҳатман забон, урфу одат, таърих, маданият ва қонунгузории ин давлатро омӯзед ва эътироф намоед. Зеро донистани забон, урфу одат, таърих, маданият ва қонунгузории кишваре, ки ба он ташриф меоред, гарави рафъи мушкилоти Шумо дар ҳалли муаммоҳои корӣ, иҷтимоӣ ва зисти муваққатӣ хоҳад шуд”, - машварат медиҳад ВКД – и Тоҷикистон.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки бо мардуми кишвари ҳузур хушмуомила бошанд, сарулибоси тозаву озода ба бар кунанд ва қоидаҳои одобу рафторро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва меҳмонӣ риоя намуда, бо кирдору рафтору ҳамидаи хеш фарҳангу маданияти тоҷиконаро муаррифӣ намоянд.

Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз вазъ воқифем: посухи КДАМ Тоҷикистон ба ҳушдори ВУД Русия аз “ДОИШ” дар марз

ВКД ба пуррагӣ омода кардани ҳуҷҷатҳои истиқомат ва фаъолият дар давлати хориҷӣ, аз ҷумла бақайдгирӣ дар ҷои зист, варақаи муҳоҷират, иҷозатномаи кор, патент, иҷозати зисти муваққатӣ, гувоҳномаи иқомати зисти доимӣ ва ғайраро муҳим мешуморад.

“Ба давлатҳои хориҷӣ танҳо тавассути дидбонгоҳҳои расмии сарҳадӣ ворид шавед ва варақаи муҳоҷиратро гиред. Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худро шахсан дар идораҳои дахлдори он кишвар ба қайд гирифта, доимо бо худ нигоҳ доред, ба шахсони ношиносу тасодуфӣ надиҳед ва ба гарав нагузоред. Дар ҳолати ҳатмӣ будани суғуртаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ҳатман онро соҳиб шавед”, - дастур медиҳад ВКД – и Тоҷикистон.

Ин ниҳод ба шаҳрвандон маслиҳат медиҳад, ки дар ҳолати ба анҷом расидани мӯҳлати раводиди кишвари хориҷӣ қаламрави он кишварро тарк кунанд ё раводиди худро тамдид намоянд ва ҷойи зисти худро бе огоҳ намудани Хадамоти муҳоҷирати он кишвар иваз накунанд.

Бино ба машварати вазорат шаҳрвандон дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ бояд ба хотири рафъи мушкилоти хеш ҳамеша бо сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, намояндагиҳо ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар тамос бошанд ва дар ҳолати гум кардани шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳои будубош таъҷилӣ ба мақомоти пулис ва Хадамоти муҳоҷират низ хабар диҳанд.

Здание МВД РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори ВКД-и Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои қаллобӣ

“Зимни санҷиш ва пурсиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - пулис, хадамоти муҳоҷират ва ғайра, пешниҳод намудани шаҳодатномаи хизматиро талаб, ному насаб ва вазифаи онҳоро пурсед. Онҳо вазифадоранд худро муаррифӣ ва ҳуҷҷатҳояшонро барои шиносоӣ пешниҳод намоянд”, - дастур додааст ВКД – и Тоҷикистон.

Қисмати қобили мулоҳизаи дастуру машваратҳои ВКД – и Тоҷикистон бархӯрд бо ҷинояткорон ва афроди марбут ба созмонҳои террористиву экстремистиро ташкил медиҳад. Қабл аз ҳама худдорӣ аз шиносоиву рафтуомад бо ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва пазириши даъвати ашхоси шубҳаноку ношинос ва ба онҳо насупоридани ҳуҷҷатҳо маслиҳат дониста мешавад.

“Зимни истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (Вотсапп, Вайбер, Имо, Скайп, Зелло, Майл.ру, В контакте, Фейсбук, Одноклассники, Вичат ва ғайра) бо шахсони бегона алоқа барқарор нанамоед, зеро аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ тавассути барномаҳои мазкур мафкураву ҷаҳонбинии Шуморо вайрон ва ба сафи худ шомил менамоянд”, - машварат медиҳад ВКД.

Игорь Моргулов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Русия дар СММ аз ҳамлаи “ДОИШ” ба дидбонгоҳи Тоҷикистон

Ин ниҳод ҳамчунин ҳушёрӣ дар интихоби ҷои кор ва шарикони меҳнатиро муҳим мешуморад, зеро дар кишвари бегона ва шароити номусоиди зисту меҳнат аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ метавонанд бо баҳонаи ёфтани ҷои кор ва пешпардохти маблағ касро ба ин ё он ҳизбу ҳаракати ифротӣ шомил намоянд.

“Зимни ҳузур дар масҷиду ҷойҳои ҷамъшавии ашхоси шубҳаноки дорои риши дарози бетартиб, тарғибгарони ақидаву равияҳои динии ирфотӣ ҳушёриву зиракии миллиро аз даст надиҳед, аз таклифу даъвати чунин ашхос оиди шомилшавӣ ба гурӯҳ ва ташкилотҳои динӣ бо роҳи қасамёдкунӣ (байъат), супоридани аъзоҳақӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои мусалмонӣ худдорӣ намоед”, - ҳушдор медиҳад вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0