Аз вазъ воқифем: посухи КДАМ Тоҷикистон ба ҳушдори ВУД Русия аз “ДОИШ” дар марз

© Sputnik / Виктор ТолочкоПограничная вышка, архивное фото
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иддаои мақомдори Русия дар мавриди интиқоли ҷангиёни “ДОИШ” тариқи чархболҳои ношинос ба марзи Тоҷикистон посух додааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон таъкид шудааст, ки қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро фаъолона назорат мебаранд ва аз вазъи фаврӣ дар Афғонистон воқифанд.

Помазок с бритвенным станком, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони Русия муҳоҷирони тоҷикро маҷбур сохтанд дар марз ришҳояшонро тарошанд

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз  ҳамкории зич бо ҳамтоёни Афғонистон зикр карда, таъкид намудаанд, ки дар сурати зуҳури аъзои “ДОИШ” дар  қитъаи сарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон огоҳ хоҳад буд.

“Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-и мамнӯъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд”, - омадааст дар изҳороти мақомоти марзбонии КДАМ.

Ҳамин тариқ мақомоти Тоҷикистон иддаои қаблан нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоиро низ, ки гӯиё Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони "ДОИШ" дар хатти марз бо Тоҷикистон қарор дорад, рад кардаанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки феълан дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таҷҳизоти қӯшунҳои сарҳадӣ кофист ва барои ба сарҳад бурдани нерӯ ва техникаҳои иловагӣ зарурат нест. 

“Инчунин дар хатти дуюм неруҳои қисми низомии Вазорати мудофиаи кишвар мустақаранд. Таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба вазъ дар Афғонистон ҳоло зарурат надорад”, - таъкид намудаанд мақомоти Тоҷикистон.

Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Котибони Шӯрои амнияти Русияву Тоҷикистон вазъият дар марз бо Афғонистонро баррасӣ карданд

Мақомоти марзбонӣ зикр кардаанд, ки дар сурати таҳрик ва муташанниҷ шудани вазъият  бояд дар ёд дошт, ки Тоҷикистон узви чунин созмонҳо, ба мисли СААД, СҲШ буда, тамоми масоил пешакӣ матраҳ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия гуфт, чархболҳои номаълум аз Покистон ба наздикии марз бо Тоҷикистон ҷангҷӯёни созмони террористии “ДОИШ”-ро интиқол медиҳанд.

Зубов дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии ВУД Русия дар Тотористон аз тавтеаи густурдае дар марз бо Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ба гуфтаи ӯ алайҳи Русия нигаронида шудааст.

“Зоҳиран он ҷо тавтеаи густурдае тарҳрезӣ шуда истодааст ва эҳтимоли тела додани теъдоди зиёди гурезаҳо ба сӯи Русия бо тамоми пайомадҳояш ҷой дорад”, - изҳор дошт Зубов.

Председатель ЛДПР Владимир Жириновский встретился с председателем нижней палаты таджикского парламента Шукурджоном Зухуровым - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳишҳои Тоҷикистону ваъдаи Жириновский: аз таърифи Раҳмон то марз ва сабукӣ ба муҳоҷирон

Ба таъкиди муовини вазири умури дохилии Русия, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гиранд. Ӯ афзудааст, гарчанде муҳоҷирони аз Тоҷикистону Узбакистон бештар аз қонун пайравӣ карда истодаанд, бояд ба онҳо таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

“Он идеологияеро, ки онҳо ба худ меоранду талошҳоеро, ки доранд аз аввал бояд мавриди таваҷҷуҳи зиёди мо қарор гирад”, - гуфтааст Зубов.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ аксари тоҷикистониён ба “ДОИШ” маҳз ҳангоми муҳоҷират дар Русия мегараванд.

Лентаи хабарҳо
0