ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир карданд, ки номбурда моҳи ноябри соли гузашта бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 68,5 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба ҳамин монанд, як марди 32-солаи дигар ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ беш аз 890 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар маълумоти дигар қайд мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри"-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 5 ҳазор доллари амрикоиашро пардохт, вале боқимонда 8 ҳазор доллари дигарашро то ҳол надодааст.
Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт бошад, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба иттилои манбаъ, бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 зани 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13,5 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Оиди ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад