ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раҳмонзода зимни гузориш гуфт, шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят имрӯз ба беш аз 184 ҳазор нафар расидааст, ки нисфи онҳоро занону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Котиботи ҳукумати Хатлон аз қавли Раҳмонзода афзуд, ки миёни аъзои ҳизб беш аз 54 ҳазор нафар дорои маълумоти олӣ ва тақрибан ҳамин теъдод дорои маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсусанд.
“Акнун 17 кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо соҳиби бинои маъмурии худ мебошанд. То имрӯз 22 кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо мошинҳои хизматӣ таъмин шудаанд”, - ҳисобот додаст раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон дар ҳамоиши вакилони ҲХДТ изҳор доштаст, ки имрӯзҳо дар шароити бениҳоят мураккаби геополитикӣ муҳимтарин иқдоми ҳизбиён дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мубориза бо унсурҳое чун терроризму экстремизм ва тафриқаандозиву бегонапарастӣ мебошад.
“Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо ҷилавгирӣ аз зоҳирпарастиву бегонаманишӣ ояндаи ободу осудаи фарзандони худро таъмин намоянд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона худро аз доми тазвири идеологияи бегона наҷот бахшида, ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа пояҳои истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем”, - таъкид намудаст Ҳакимзода.
Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додаст, ки дар конфронс таъкид гардид, ки дар маркази диққати гурӯҳҳои таблиғотӣ бояд дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон ва пешрафту комёбиҳои ҷумҳурӣ бошад ва бо ин васила ба мухолифони сиёсии ҳукумат, ки мегӯянд дар тӯли солҳои истиқлолият иқтисоду иҷтимоиёти мо равнақе надоштааст, ҷавоби муносиб диҳанд.