ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.
Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст, бинои мазкур аз ҷониби фаъолони ҳизб сохта шуда, барои таъмиру тармими ин иншоот зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Инчунин, манбаъ таъкид намудааст, ки барои фаъолияти пурсамар ва тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Дӯстӣ автомашинаи хизматии “Мерседес” тақдим гардид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки айни ҳол шумораи аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба 3688 нафар расидааст, ки ин қувваи бузург аст. Аз ин шумора 1257 нафарашон зан ва 1654 нафарашон ҷавонони то 30-сола мебошанд.
Дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб 5 нафар фаъолият менамоянд.