Эмомалӣ Раҳмон аз додани зимоми давлатдорӣ ба насли нав гуфт – видео

© пресс-служба главы ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, қабл аз додани зимоми давлатдорӣ ба насли ҷавон онҳоро бояд тарбият кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон дар охири мулоқот бо кормандони иттифоқҳои касаба аз додани зимоми давлатдорӣ ба насли ҷавон зикр карда, зарурати тарбияи онҳоро таъкид намуд.

Ӯ гуфт, наслҳои ҷавонро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кунем.

“Ба роҳи дуруст ҳидоят карда, зимоми давлатдориро баъди вай ба онҳо супорем. Мешавад давлат ободу пешрафта. Проблемаҳое, ки дорем, оҳиста оҳиста аз байн мераванд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ин дар ҳолест, ки интихоботи навбатии парлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон соли оянда дар назаранд ва феълан маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон номзадияшро ба мақоми президентӣ пешниҳод мекунад, ё на.

Худи Эмомалӣ Раҳмон ахиран замони баргузории Анҷумани XIII-и Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистонро моҳи декабри соли равон муқаррар карда, масъалаи интихоботи соли 2020-ро аз масоили афзалиятдор хонд. Ӯ  ба пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда таваҷҷуҳ карда, таъкид намуд, ки арзандаҳо зиёданд, вале беҳтаринҳо бояд интихоб шаванд.

“Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳое, ки барои пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем”, - изҳор доштааст раисиҷумҳур.

Раиси ҲХДТ ташкилоти ҳизбиро вазифадор карда буд, ки барои дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот  омодагӣ бинанд.

Лентаи хабарҳо
0