“Гизалатар”: Арком - саги нави Раҳматулло Зойиров

© Sputnik / Амир ИсаевВ офисе СДПТ. Архивное фото
В офисе СДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, соҳиби саги нав шуд. Бо гузашти 9 моҳ ӯ саги пешинаашро, ки гум шуда буд, пайдо накард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Яке аз наздикони Зойиров ба “Sputnik” гуфт, пас аз он ки саги пешини раиси ҲСДТ пайдо нашуд, яке аз дӯстонаш зуҳри имрӯз ба ӯ занг зада, дилбардорӣ кард ва гуфт, дар паси хонааш як сагбачаро оварда, баста мондааст.

В офисе СДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров аз вазири маориф хост қонунгузории Тоҷикистонро риоя кунад

“Ин саги дигар аст, ки Зойиров тарбия хоҳад кард. Дигариро пайдо накардем. То имрӯз мекобем”, - афзуд ҳамсӯҳбати “ Sputnik ”.

Дилбастагии раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон замоне расонаӣ шуд, ки шаби 9 марти соли равон шахсони номаълум саги ӯро бо занҷиру таҷҳизоташ аз ҳавличаи канори манзилаш дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе рабуданд.

 Ӯ дар сафҳаи фейсбукии худ навишт, ки он шабу рӯз дар хориҷ аз кишвар буд ва баробари шунидани хабар худи ҳамон шаб ба Тоҷикистон баргашта, ба нозирони минтақавӣ хабар дод ва шахсан ба таҳқиқи ҳодисаву созмондиҳии корҳои ҷустуҷӯии сагаш шурӯъ кард.

Вай дар як рӯз тамоми маҳаллаҳои ҳамсоя ва сагбозорҳои Душанберо пиёдаву савора паймуд, аммо аз сагаш нишоне пайдо накард. 11 март аз дуздида шудани сагаш ба номи сардори шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ариза навишт.

 Бино ба иттилои Зойиров, пас аз баррасии наворҳои видеоии камераҳои гирду атрофи маълум шуд, ки дуздҳо ду нафар буданд ва онҳоро як кӯдаки тахминан 11 - 12 сола низ роҳбаладӣ мекард.

“Ба сагдуздҳо ҷанги беамон эълом мекунам. Мебинем, ин сагдуздҳои ҷинояткоранд ё «сагдуздҳои супоришӣ»”, - хабар дод Зойиров ва эълон кард, ки барои муайян кардани ҷойи сагу шахсияти дуздон 1500 сомонӣ ҷоиза хоҳад дод.

Сиёсатмадор “Ҷозиба”, саги гумшудаашро бо он вуҷуд ки ҷоиза эълон карду маъракаи ҷустуҷӯяшро дар сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ва кӯчаву бозорҳо, ҳатто бо иттифоқи мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ андохт, дигар пайдо накард.

Зоиров гуфт, Қудратов поквиҷдон аст ва парвандаҳо сохтаю супоришиянд

 Ҷое ҳам аз ҳадди дилтангӣ навишт: " Ман бо хамин саг худро бахтиёр хис мекардам. Ингуна сагро доштан худаш бахт аст! Саги ман барои ман ҳамеша зинда аст, ман нисбати ӯ хиёнат намекунам".

Саги нави Раҳматулло Зойиров “Арком” ном дорад. Ҳамсӯҳбати “Спутник” аз ҷумлаи наздикони сиёсатмадор мегӯяд, ӯ ин тӯҳфаро ба хушӣ қабул кард.

“Вақте аз ӯ пурсидам, “чаро ром кардану парвариши сагро дӯст медоред?”, посух дод, ки “саг дӯсти самимӣ асту вафодор.

 То омаданам ҳатто таоми пешашро намехӯрад, чун ҷонварест, ки Худо ба инсон дӯст офаридааст. Инашро камтар гизалатар тарбия мекунам. Одамшиносиро ҳам меомӯзам, чун аввал ин табиби ман аст. Бо ӯ дар кӯчаҳои шаҳр мегардам, яъне бо ӯ варзиш мекунам”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Лентаи хабарҳо
0